Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

САҲА аз барқарории дастрасӣ ба бархе аз сомонаҳо дар Узбекистон истиқбол кард


Арлем Дезир.

Арлем Дезир, намояндаи САҲА дар умури озодии расонаҳо аз бардоштани маҳдудияти дастрасӣ ба бархе сомонаҳои иттилоотӣ ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқ дар Узбекистон истиқбол кард.

Маҳдудияти дастрасӣ ба сомонаҳои "Садои Амрико" Хадамоти узбекиии ВВС, "Мавҷи Олмон", Eurasianet, сомонаҳои созмони ҳомии ҳуқуқи Amnesty International, "Хабарнигорони бидуни марз" ва Human Rights Watch дар Узбекистон ахиран бардошта шуд.

Дерзир гуфт, ки ин масъаларо бо мақомоти Узбекистон баррасӣ кардааст. Вай ҳамчунин изҳори умедворӣ кард, ки дар фурсатҳои наздик дастрасӣ ба сомонаи бахши узбекии Радиои Озодӣ низ фароҳам мешавад.

Пештар аз ин Комил Алламҷонов, мудири оҷонсии иттилоот ва иртиботи оммавии назди президенти Узбекистон дар бораи бардоштани маҳдудият хабар дода буд. Вай гуфт, "далелҳои мушкилоти дастрасӣ ба бархе аз сомонаҳои хориҷӣ" омӯхта шуда, "камбудиҳои техникӣ пайдо ва бартараф шуданд".

Ба иттилои расонаҳо, сомонаҳое, ки ахиран дастрасӣ ба онҳо фароҳам шуд, дар Узбекистон аз соли 2005 ба ин тараф - баъди ҳаводиси Андиҷон - масдуд буданд. Дар бархӯрди мақомоти қудратӣ бо сокинон дар соли 2005 дар Андиҷон, ба иттилои расмӣ, 187 одам кушта шуд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ мегӯянд, шумори воқеии кушташудаҳо ба маротиб бештар аст. Аммо дар ҳоли ҳозир дар Узбекистон даҳҳо сомонаи дигар масдуд боқӣ мондааст.

Гузоришҳои видеоӣ

“Ханда-ханда” аз Исроил ба Тоҷикистон ҳам меояд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:13:43 0:00
XS
SM
MD
LG