Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷопон ғолиби "Baku Grand Slam 2019" шуд


Мусобиқаи байналмилалии ҷудо “Baku Grand Slam 2019”, ки рӯзҳои 10-12-уми май дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон баргузор шуд, дар ҳисоби умумидастаӣ бо пирӯзии мунтахаби Ҷопон ба поён расид.

Ба иттилои вебсайти Федератсиони байналмилалии ҷудо (IJF), дар мусобиқаи “Baku Grand Slam 2019” 431 варзишгар (256 мард ва 175 зан) аз 56 кишвар ширкат дошт. Рақобатҳо аз рӯи 14 дараҷаи вазнҳо (7 вазн миёни мардон ва 7 вазн миёни занон) доир гардид.

Тоҷикистонро дар “Baku Grand Slam 2019” ду варзишгар - Сомон Маҳмадбеков ва Комроншоҳи Устопириён - намояндагӣ карданд. Сомон рӯзи шанбеи 11-уми май дар рақобатҳо дар вазни зери 73 кило, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм аз гуштигири муғул Батболд Булган шикаст хӯрд.

Комроншоҳ бошад, рӯзи якшанбеи 12-уми май ба рақобат аз даври дуюм шуруъ кард. Ӯ нахустин қувваозмоиро дар вазни зери 90 кило ба Саид Эмӣ Жамбекови русиягӣ бохт. Ҳамин тариқ, ҳарду варзишгари тоҷик аз ҳаққи идомаи мубориза барои медал маҳрум шуданд.

Зимнан, Baku Grand Slam 2019” ё «Тоскӯлоҳи бузург» дар Боку, ки аз силсилаи мусобиқоти ҷаҳонии ҷудо ба шумор мерафт, ба варзишгарон имкон дод ҷиҳати дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои олимпии соли 2020 дар Токио имтиёзҳои олимпӣ ба даст биёранд.

Дар ҳамин ҳол дар раддабандии олимпӣ Комроншоҳи Устопириён дар вазни зери 90 кило бо 924 имтиёз дар ҷойи 14-ум ва Сомон Маҳмадбеков дар вазни зери 73 кило бо 622 имтиёз дар ҷои 29-ум қарор доранд.

Ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаи “Baku Grand Slam 2019” ба ҷуз аз медалу имтиёзҳои олимпӣ, ҷоизаи молӣ супурда шуд: барои ҷойи 1-ум 5000 доллар, ҷойи 2-юм - 3000 доллар, ҷойҳои 3-юм – 1500-долларии ИМА.

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Ҷопон бо касби 5 медал (2 тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ) мақоми аввалро соҳиб шуд. Мунтахаби Бразилия бо касби 3 медал (2 тилло ва 1 биринҷӣ) ҷойи дуюм ва мунтахаби Озаройҷон бо касби 7 медал (1 тилло, 2 нуқра ва 4 биринҷӣ) ҷойи сеюмро аз они худ карданд.

Варзишгарони ҳамаи панҷ кишвари Осиёи Марказӣ – Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон – бе медал монданд. Аз миёни онҳо танҳо Узбекистон бо як мақоми панҷум дар ҷойи 26-ум қарор гирифт.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқаи “Baku Grand Slam 2019” :

Мардон

60 кг
1. КИТАДАИ Филипе (Бразилия)
2. НОЗАДЗЕ Темур (Гурҷистон)
3. АБУЛАДЗЕ Яго (Русия)
3. ДАШДАВАА Амаптувшин (Муғулистон)

66 кг
1. ВИЕРУ Денис (Молдова)
2. ШИХАЛИЗАДА Нижат (Озарбойҷон)
3. ЯДОВ Богдан (Украина)
3. ЙОНДОНПЕРЕНЛЕИ Басхуу (Муғулистон)

73 кг
1. ҲАЙДАРОВ Ҳидоят (Озарбойҷон)
2. БУТБУЛ Тоҳар (Исроил)
3. ОРУҶОВ Рустам (Озарбойҷон)
3. ВАЛЙЕВ Телман (Озарбойҷон)

81 кг
1. МУКИ Саги (Исроил)
2. ИВАНОВ Ивайло (Булғористон)
3. КАССЕ Маттиас (Белгия)
3. ГРИГАЛАШВИЛИ Тато (Гурҷистон)

90 кг
1. МАҶДОВ Неманйя (Сербия)
2. МЕҲДИЕВ Маммадалӣ (Озарбойҷон)
3. ШЕРАЗАДИШВИЛИ Николоз (Испания)
3. ТОТ Кристиан (Маҷористон)

100 кг
1. КОРРЕЛ Майкл (Нидерланд)
2. ЗАНКИШИЕВ Казбек (Русия)
3. ФЛЕТЧЕР Бенжамин (Ирландия)
3. КОТСОЕВ Зелим (Озарбойҷон)

+100 кг
1. ЗААЛИШВИЛИ Гела (Гурҷистон)
2. ШАҲБОЗОВ Руслан (Русия)
3. КРИВОБОКОВ Антон (Русия)
3. СИМИОНЕСКУ Владут (Руминия)

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG