Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сергей Доренко гуфта буд, ки мехоҳад тоҷик бошад


Сергей Доренко
Сергей Доренко

Журналисти маъруфи Русия Сергей Доренко рӯзи 9 майи соли 2019 дар Маскав даргузашт. Гуфта мешавад, ҳангоми мотосиклронӣ дар кӯчаи Земляной Вал ӯ сактаи дил шуд ва афтод. Вақте ӯро ба бемористон бурданд, ба худ наомада, ин ҷаҳонро тарк кард.

Журналист ва шореҳи сиёсӣ Сергей Доренко, ки баъд аз як моҷарои додгоҳӣ шабакаи «Русская служба новостей» ё РСН-ро тарк карда, аз моҳи феврали соли 2014 дар радиои «Говорит Москва» кор мекард, дар барномаи зиндаи бомдодии рӯзи душанбе, 8-уми декабри 2015, гуфта буд, мехоҳад, дар ҳаёти ояндааш тоҷик бошад.

Дар давраҳои гуногуни кораш Доренко борҳо тағйири ақида кардааст, вале ҳамеша аз ҳар дидгоҳе эҷодкорона ва ошкоро ҳимоят намудааст.

Дар ин барнома, ки рӯйдодҳо ва падидаҳои Русия ва ҷаҳон дар як сӯҳбати одӣ ва гоҳо танзомези Доренко бо барандаи дигар Даря Кнорре шарҳу тафсир мешаванд, сухан аз он рафт, ки рӯзи гузашта дар навбате барои яхмолакбозӣ марде ба Доренко гуфтааст, ки Сергей дар ҳаёти ояндааш кишоварзе дар Чин ё полезбоне дар Ӯзбакистон хоҳад шуд. Доренко ин хулосаро рад кардаву гуфтааст, дар ҳаёти ояндааш ҳиндуи қабилаи Сио хоҳад шуд ва борҳо инро зикр кардааст. Сипас Доренко афзуд: «Ва аммо баъд аз он ман тоҷике дар Кӯҳистони Бадахшон хоҳам шуд. Ман ҳамчунин мехоҳам ба ҳайси ҳабаше дар Ню Орлеан ба дунё оям.»

Ба пурсиши ҳамсӯҳбаташ Даря Кнорре, ки чаро Доренко мехоҳад, тоҷик бошад, вай чунин посух додааст: «Барои он ки онҳо ориёӣ ҳастанд. Ман мехоҳам ориёии ҳақиқӣ бошам, зеро кӯчагиям ва ниҳоят мехоҳам, бо хуни тоза ба дунё оям. Ман зода хоҳам шуд, ба дунё хоҳам омад, эҳё хоҳам гашт...»

Сергей Доренко ин суханони худро шарҳ дода, мегӯяд, мехоҳад ҳамчун чӯпони тоҷике дар Кӯҳистони Бадахшон ба дунё ояд. «Бубин, тоҷик чӣ хел рост меистад, монанди Ванечкаи мо. Ванечка дар ҳолати сустӣ истодааст, аммо тоҷик ҳамеша қомати рост дорад – шонаҳояш ростанд, сарашро рост ва баланд медорад, онҳо ин қадар ҷиддиянд. Ман ҳам мехоҳам ҳамин хел бошам. Аммо ин танҳо баъд аз он мешавад, ки аввал ман ҳиндуи қабилаи Сио бошам. Баъд аз зиндагӣ ҳамчун тоҷик боз мехоҳам ба ҳайси як ҳабаш дар Орлеани Нав ба дунё оям. Мехоҳам бо саксофон ҷазз навозам. Ин ба ман хоҳад зебид, бигӯ, бало занад, бигӯ, ки мезебад!»

Муколамаи Сергей Доренко бо Даря Кнорре дар ин бора бо ин ибораи Даря ба поён расидааст: «Бале, бале, Сережа-пастушок дар Тоҷикистон.»

Зимнан «Пастушок» ё чӯпонбача тахаллуси Сергей Доренко дар блогосфера аст. Вай блогҳои худро чунин имзо мекунад ва дар наворҳое дар Ютюб низ худро «пастушок» меномад. Рӯшан нест, орзуи тоҷик зода шудани ин журналисти маъруф як танз буд ё дарвоқеъ ҳанӯз муддатҳо пеш аз ин барнома бо гирифтани тахаллуси «пастушок» вай худро чӯпоне дар сари қуллаҳои Помир тасаввур кардааст.

Дар ҳар сурат, ин суханони журналисти баҳсбарангези Русия, ки дар барномаи пуршунавандаи «Подъём»-и радиои «Говорит Москва» садо дода буд, мумкин ишорае буд ба бархӯрди тираи расонаҳои ахбори оми Русия ба муҳоҷирони тоҷик ва дархосте аз шунавандагони бешумори барнома буд, барои арҷгузорӣ ба тоҷикон.

Рӯзи 9 майи соли 2019 Доренко ба гунаи муфоҷо фавтид. Агар дар оянда дар расонаҳои Русия шореҳ ё гузоришгаре пайдо шавад, ки ба тоҷикон эҳтироми самимӣ мегузорад, шояд ин Доренкои нав аст. Ё мумкин аст, дар пайроҳаҳои кӯҳии Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон ӯро вохӯред, ки рамаро ба чаро мебарад…

XS
SM
MD
LG