Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бар асоси қуръакашӣ, ки 9-уми май дар қароргоҳи Конфедератсиони футболи Осиё – Куала-Лумпури Малайзия - доир гардид, дар марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 миёни ҷавонони зери 19-сола дар гурӯҳи “С” бо тимҳои Сурия, Лубнон ва Молдив рақобат мекунад. Мусобиқаи ин гурӯҳ аз 6-ум то 10-уми ноябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Дар марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 миёни ҷавонони зери 19-сола 46 даста ширкат меварзад, ки тибқи қуръакашӣ ба 11 гурӯҳ тақсим шудааст. Дар минтақаи Ғарб 6 гурӯҳ, дар минтақаи Шарқ бошад, 5 гурӯҳ таъсис ёфтааст.
Аз рӯи натиҷагирии марҳилаи интихобӣ ғолибони 11 гурӯҳ, инчунин 4 дастаи беҳтарини ҷойҳои дуюм ба қисми ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2020 миёни ҷавонон роҳ пайдо мекунанд.
Макони баргузории марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2020 миёни ҷавонони зери 19-сола ҳанӯз муайян нашудааст. Агар мизбони қаҳрамонии Осиё-2020 миёни ҷавонони зери 19-сола дар мусобиқоти интихобӣ дар гурӯҳи худ мақоми аввалро соҳиб шавад ва ё ба қатори чаҳор дастаи беҳтарини ҷойҳои дуюм шомил гардад, онгоҳ дастаи панҷуми ҷойҳои дуюм ба марҳилаи ниҳоии мусобиқот роҳ пайдо мекунад.
Натоиҷи қуръакашии қаҳрамонии Осиё-2020 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони зери 19-сола:
Минтақаи Ғарб
Гурӯҳи «А»: Ироқ (мизбон), Умон, Фаластин, Кувайт, Покистон.
Гурӯҳи «В»: Қатар (мизбон), Яман, Туркманистон, Шри-Ланка.
Гурӯҳи «С»: Тоҷикистон (мизбон), Сурия, Лубнон, Молдив.
Гурӯҳи «D»: Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Эрон (мизбон), Қирғизистон, Непал.
Гурӯҳи «Е»: Урдун, Баҳрайн (мизбон), Бангладеш, Бутан.
Гурӯҳи «F»: Арабистони Саудӣ (мизбон), Узбекистон, Ҳиндустон, Афғонистон.
Минтақаи Шарқ
Гурӯҳи «G»: Тайланд, Малайзия, Камбоҷа (мизбон), Бруней, Ҷазираҳои Мариани Шимолӣ.
Гурӯҳи «Н»: Австралия, Тайбэйи Чин (мизбон), Макао, Лаос.
Гурӯҳи «I»: Кореяи Ҷанубӣ, Чин, Мянмар (мизбон), Сингапур.
Гурӯҳи «J»: Ҷопон, Ветнам (мизбон), Муғулистон, Гуам.
Гурӯҳи «К»: Индонезия (мизбон), Кореяи Шимолӣ, Ҳонконг, Тимори Шарқӣ.
Коршинос бесавод аст, низоми давлатдорие, ки дигарандеширо намепазирад ва токати онро надорад, дер намепояд ва шарманда мешавад. Ин усули муборизаро даврони шурави аллакай аз сар гузаронидааст ва окибаташ маълум. Афсус он барои дигарон дарс нашудааст ва "история повторяется"!
Ба коршинос. Беҳтарин нависандаи фантасти муосири "адабиёти шуравӣ" Абдумалик Баҳорӣ (Худо раҳматаш кунад) буд. Шумо аз Ӯ гузашта наметавонед. Подоши инсон вобаста ба амалҳояш аст. Як бор корҳои ин блогерро дар ютюб тамошо кунед! : " Он вам не Димон".
Агар пули накди аз байн раваду ба чояш муомилаи гайринакди ба рох монда шавад на танхо дар бозорхо балки дар тамоми сохторхо, ин боиси кам шудани корупся низ мегардад
Ин оморро аз кучо мегирифта бошанд? Чи хел хисоб кардед мухтарам оморчиён? Ё шумо хам хатмкардаи институти саньат буда бо ягон авлод хещу таборед??? Равгани 5л 63с буд 90-100с Шакар 1кг 6.5м 11с Орд 50кг168с 240с Гушти лахм 54с 67-70с Картош 1.5-2м 2.5-4с Тухм 30шт 24с 35с ..... Асосаш ин кимат шудани нархи сузишвори аст, ки онро ширкати монополи идора мекунад ва агар онхо камтар навсро доранду аз осмон камтар замин фурояд, онхо метавонанд 25-30% нархи сузишвориро кам кунанд, ки ин автомати нархи дигар махсулотро поён барад. Аммо афсус.... осмон баланд, замин сахт, авлод гушна, гушнаи сернашаванда.
Худут коршиноси раками як хасти . Чои ту кор дар СММ