Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соҳибкорро барои эътироз зидди нозирони андоз ҳабс карданд


Додгоҳи ноҳияи Шаҳритус соҳибкори маҳаллӣ Кароматулло Шеховро барои эътироз зидди нозирони андоз 6 рӯз аз озодӣ маҳрум кард.

Нурхон Собиров, яке аз дӯстони Шехов, ба Радиои Озодӣ гуфт, қарори додгоҳ шоми 8 май содир шуд ва ӯро расман ба "вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ" гунаҳкор намуданд.

Ӯ гуфт, Шехов дар додгоҳ бархӯрдашро бо нозирони андоз қонунӣ дониста, аз қарори ҳабси худ норозигӣ кардааст. "Бародари Кароматулло низ дар бозор савдо мекунад. Онҳо аз ҳамин ҳисоб нон мехӯранд. Агар ҳамаро андози вазнин банданд, чанд кас аз нони хӯрдан мемонад", -- гуфт ҳамсуҳбати мо.

Чанде аз соҳибкорони бозори марказии ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон охири моҳи апрел зидди нозирони андоз эътироз кардаанд. Мақомот мегӯянд, алайҳи -- ​Меҳрубон Шоҳбуринова ва Мавлуда Ҳаитова – ду зане, ки дар ин эътироз иштирок доштанд, низ бо иттиҳоми "вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ" парванда боз шудааст, вале додгоҳ то ҳол қарори худро содир накардааст.

Тамос бо занони соҳибкоре, ки нисбат ба онҳо парванда боз шудааст, алҳол имкон надодааст ва назари онҳо ба боз шудани парванда маълум нест.

Зафар Қодиров, раиси Идораи нозироти андози ноҳияи Шаҳритус, рӯзи 9 май гуфт, “5-6 соҳибкор аз нофаҳмӣ ба чунин кор даст задаанд.” Ӯ гуфт, он рӯз намояндагони нозироти андоз аз вилоят омада буданд ва масъалаи аз патент ба шаҳодатномаи соҳибкорӣ гузарондани соҳибкоронеро тафтиш мекарданд, ки даромадашон аз 100 ҳазор сомонӣ бештар аст.

Шикоят аз пардохти иловагӣ

Охири ҳафтаи гузашта аз ноҳияи Шаҳритус ба дасти Радиои Озодӣ наворе расид, ки дар он гурӯҳе аз тағйири шакли андозсупорӣ шикоят мекунанд. Дар навор дида мешавад, ки чанд зану мард аз пушти чанд мақоми расмӣ мераванд ва эътироз мекунанд, ки бо вуҷуди супурдани андоз, аз онҳо пардохтҳои иловагӣ тақозо шудааст.

Дар видео садои афроди ношиносе ба гӯш мерасад, ки мегӯянд, омода ҳастанд, шикояти худро то ба ҳукумати ноҳия бирасонанд. Инчунин, садои занҳо ба гӯш мерасад, ки бештар аз шароити зисташон шикоят доранд. Дар садои бархе талаби фароҳам шудани ҷои кор ва таъсиси корхона ҳам шунида мешавад.

Як зане, ки ӯ ҳам зоҳиран соҳибкор аст, мегӯяд, дар пайи ҷарима ва пули иҷора супурдан “то бегоҳ ба зӯр пули ду нонро кор карда, ба хона мебаранд ва барои доруву дармон зӯрашон намерасад”.

Патент ё шаҳодатномаи соҳибкорӣ?

Ба иттилои мақомот ва баъзе аз сокинони Шаҳритус, эътирози соҳибкорон рӯзи 30 апрели имсол дар кӯчаи марказии ноҳия рух додааст.

Дар ҳоле ки навори видеоӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мечархад, мақомоти андоз дар ноҳияи Шаҳритус мегӯянд, дар амали кормандони онҳо ҳеч мушкил ё қонуншиканӣ набуд ва шикояти соҳибкорон асос надорад.

“Онҳо намехоҳанд, ки андози бештар супоранд ва аз рӯйи қонун рафтор кунанд. Намехоҳанд, ки шаҳодатномаи соҳибкорӣ гиранд. Инҳо мехоҳанд, ки мо ба бозор наравем ва ҳар шакле хостанд, андоз супоранд. 5-6 нафаре, ки эътироз карда буданд, касе ба тарафашон нарафтааст. Онҳо вақте мебинанд, ки нозирон дохили бозор мешаванд, ҳамин хел мекунанд,” -- гуфт ​Зафар Қодиров, раиси Идораи нозироти андози ноҳияи Шаҳритус.

Соҳибкороне, ки тибқи патент фаъолият мекунанд, новобаста аз даромад ҳар моҳ маблағи муайянеро ҳамчун андоз месупорад. Вале имкони аз хориҷ ворид кардани молро надорад, касеро ба кор ҷалб карда наметавонад ва аз даромади умумиаш низ ба нозирони андоз ҳисобот намесупорад.

Соҳибони шаҳодатномаи соҳибкорӣ ҳар моҳ ба нозири андоз дар мавриди даромадашон гузориш медиҳанд ва вобаста ба даромад аз онҳо андоз ситонда мешавад.

Дар бозори марказии ноҳияи Шаҳритус 754 соҳибкор ба тиҷорат машғуланд ва, ба гуфтаи мақомот, танҳо 70 нафари онҳо шаҳодатномаи соҳибкорӣ доранд.

XS
SM
MD
LG