Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафири ИМА дар Киев пеш аз мӯҳлат мақомашро тарк мекунад


Сафири ИМА дар Украина моҳи май ва ду моҳ пеш аз анҷоми мӯҳлати расмии кораш мақомашро тарк мекунад. Чор нафари огоҳ аз ин тасмим рӯзи 6 май ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Мери Йованович дар миёнаҳои моҳи май аз мақом канор меравад. Бар асоси иттилое, ки тавассути имейли ирсолшуда ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ нашр шудааст, Йованович қарор аст 20 май аз мақом канор равад. Вале чор мусоҳиби Радиои Озодӣ сабаби тарки мақом кардани сафири Амрикоро фош накарданд. Зоҳиран то таъин шудани сафири нав дар ин мақом кордоре раҳбарии намояндагии дипломатиро ба ӯҳда хоҳад дошт, ки маъмулан ин мақомро афсари аршади амалкунанда ба ӯҳда мегирад. Чор нафар, аз ҷумла кормандони сафорат ва дигарҳо ба шарти ифшо нашудани номашон сӯҳбат мекарданд, ба он хотир, ки салоҳияти сӯҳбат бо матбуотро надоранд.

Дар изҳороти департаменти давлатии Амрико, ки рӯзи 6 май аз ҷониби сухангӯи ин ниҳод ба Радиои Озодӣ ирсол шуд, гуфта мешавад, ки Йованович “ҳамонгуна ки ба нақша гирифта шуда буд, рисолати сесолаашро дар Киев соли 2019 ба анҷом расонидааст”. Сухангӯ гуфт, ки “таърихи тасдиқшудаи хатми салоҳиятҳояш дар моҳи май бо мӯҳлати интиқоли қудрат дар Украина мувофиқ омадааст”. Сухангӯ гуфт, ки “тими сафорати ИМА дар Киев ва Вашингтон ҳамкории худро бо ҳукумати Украина ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба хотири тақвияти шарикӣ идома меёбад”. Ҷузъиёти бештар аз ин нашр намешавад.

Йованович, ки августи соли 2016 ба вазифаи сафири ИМА дар Киев таъин шуд, дар хатти пеши талошҳо барои ба эътидол овардани иқтисоди заъиф ва суръат бахшидан ба ислоҳот дар самти мубориза бо коррупсия қарор дошт. Йованович инчунин пуштибони ҳукумати Украина дар муқовимати нирӯҳои ҳукуматии ин кишвар бо ҷангиёни ҷудоиталаб дар шарқи Украина аз соли 2014 буд.

Йованович оғози моҳи марти соли ҷорӣ ва дар остонаи интихоботи президентӣ таваҷҷӯҳро ба худ ҷалб кард. Ӯ аз Киев тақозо кард, ки додситони вижаи зидди коррупсияро аз мақомаш барканор кунад ва ин изҳороти як дипломати ғарбӣ аз назари матубот дур намонд.

Президент Петро Порошенко, ки барои беамалӣ дар муқобили коррупсия интиқод шудааст, рӯзи 21 апрел дар даври дуюми интихобот дар баробари ҳаҷвнигори маъруф Владимир Зеленский мағлуб шуд.

Йованович инчунин моҳи марти соли ҷорӣ мавриди ҳадафи додситони кулли Украина Юрий Лутсенко қарор гирифт, ки иддао кард, ки гӯё сафири Амрико дар мулоқоти аввали рӯбарӯяш ба ӯ “феҳристи афродеро додааст, ки набояд мавриди пайгард қарор гиранд”.

Ин иддао дар як мусоҳиба бо нашрияи The Hill, мақарраш дар Вашингтон нашр шуд, ки баъдан мавриди вокуниши ғайримаъмулии Департаменти давлатӣ гардид. Дар изҳороте, ки ин ниҳод нашр кард, гуфта шуд, “иттиҳомоти додситони кулли Украина дуруст нест ва бо ҳадафи ба ҳам задани обрӯи сафир Йованович карда шудааст”.


Изҳороти Лутсенко дертар ҳам мавриди таваҷҷӯҳи бештар шуд, вақте писари президенти ИМА Доналд Трамп онро дар саҳифаи худ дар Твиттер бознашр кард.

XS
SM
MD
LG