Як иштирокчии задухурдҳои мусаллаҳонаи Донбасси Украина хабарнигори "Настояшее Время" дар Киев Владимир Рунетсро шаби 5-уми май паронд. Рӯзноманигор аз ноҳияи пояш захмӣ шуда, ба беморхона интиқол ёфт. Ба гуфтаи табибон, дар ҳоли ҳозир ҷони ӯ дар хатар нест, вале бояд ду ҷарроҳиро паси сар кунад.
Аз нафари ҳамлагар ихтиёрии артиши Украина Владимир Регеши 45-сола ном бурда мешавад. Ба гуфтаи Рунетс, низомӣ аз духтаре, ки шиноси рӯзноманигор аст, қарздор буда, пайваста ӯро таҳдид мекардааст. Регеш шаби 5-уми май бо силоҳ ба майхонае, ки рӯзноманигор ҳамроҳи духтару чанд дӯсти дигараш нишаста буданд, ҳамла кардааст.
"Дар даст тапонча омад ва ба осмон тир андохт ва таҳдид кард, ки духтарро мепаронад",-афзуд рӯзноманигор.
Рунетс талош кардааст, то мардро ба гап дарорад, ки силоҳро канор гузорад, вале дар натиҷа захмӣ шудааст. Регеш пас аз ҳодиса нахуст ба ҷои номаълум паноҳ бурда, вале дертар худро ба пулис таслим кард.
Ба огаҳии Вазорати умури дохилии Украина, зидди низомӣ бар пояи банди "авбошӣ бо истифода аз силоҳ" парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ба ӯ аз се то ҳафт соли маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад.
Владимир Рунетс яке аз рӯзноманигорони маъруфи украин буда, борҳо аз маҳалли задухурдҳои мусаллаҳонаи Донбасс гузориш додааст. Аз соли 2017 ба ин сӯ хабарнигори "Настояшее Время" аст.