Додгоҳе дар Эрон бо як қароре, ки аз сӯе ғайримунтазира мебошад, бародари хурдии президенти Ҷумҳурии исломӣ Ҳусейни Фаридунро ба зиндон маҳкум кард. Радио Фардо - Бахши эронии Радиои Озодӣ мегӯяд, мӯҳлати дақиқи зиндони оқои Фаридун ошкор намешавад, вале эҳтимолан бародари президент барои чанд моҳ маҳкум ба зиндон шудааст. Ҳусейни Фаридун гуфтааст, ки бо ин ҳукм розӣ нест ва инак 20 рӯз дар ихтиёр дорад, ки аз болои ин ҳукм ба додгоҳи таҷдиди назар шикоят кунад.
Фаридун нахустин намунаи дар ҷиноят айбдор ва аз озодӣ маҳрум шудани бародари президенти амалкунанда дар таърихи Эрон мебошад. Мунаққидон мегӯянд, бо ин, ки дар оғоз Ҳасани Рӯҳонӣ хеле талош кард аз эҷоди мушкил барои бародараш пешгирӣ кунад, дар ниҳоят бо додгоҳ ва ҳукми он тан дод ва ҳоло аз сӯе ин қазияро метавонад ба унвони далели оштинопазир буданаш бо фасоду ришвахорӣ истифода кунад.
Ризо Ҳақиқатнажод, хабарнигори Радио Фардо - бахши эронии Радиои Озодӣ, ки моҷароҳои атрофи исми бародари президент пайгирӣ кардааст, гуфт, се соли пеш исми Ҳусейн Фаридун аз сӯи мунтақидони президент ба унвони як шахси муомилакор ва фасодзада, садо дод.
Ҳусейни Фаридун, ки дар мақоми дастиёри вижаи президент кор мекард, дар он муттаҳам шуд, ки бо истифода аз мақомаш ба бархе қарздорони бонкҳо имконият фароҳам овард, ки ӯҳдадориҳои бонкии худро дертар иҷро кунанд ва инчунин дар нақлу интиқолҳои молӣ аз Эрон ба Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, ки мегуфтанд "ғайриқонунӣ буданд", бар асоси имтиёзҳои иқтисодӣ, мусоидат кардааст.
"Тахаллуфи таҳсилӣ"
Ба гуфтаи ин хабарнигор, бародари президент як парвандаи ҷудогонаи "тахаллуфи таҳсилӣ" ҳам доштааст, ки ба роҳҳои дарёфти унвони доктори улум рабт мегирад. "Яъне раванде, ки барои сабтиноми худаш дар давраи унвонҷӯӣ сарф кардааст, ба сурати қонунӣ набудааст ва оқои Фаридун наметавонист ба унвони унвонҷӯ машғули ин кор бошад. Поённомааш тақаллубе надорад, ки гӯё нусхабардорӣ карда бошад. Ин иттиҳом нест".
Додгоҳ иттиҳоми инро, ки дастиёри вижаи президент бо роҳҳои осону ғайримаъмулӣ тавонистааст барои ҳимои рисолаи илмиаш даст ёбад, ҳанӯз ҳам баррасӣ дорад ва ин парванда натиҷагирӣ нашудааст.
Ризо Ҳақиқатнажод айни ҳол гуфт, ки парвандае, ки алъон бар асоси он Ҳусейн Фаридун ҳукми зиндон гирифтааст, ошкор намешавад ва маълум нест, ки бар асоси кадом иттиҳом ӯ гунаҳгор эълон шудааст. "Танҳо гуфта мешавад, ки иттиҳомоти ӯ хусусияти молӣ дошта, ба фасод рабт мегирад ва аз сӯиистифодаи оқои Фаридун аз мавқеияташ далолат медиҳад",-гуфт ин хабарнигори эронӣ.
Хабари маҳкум шудани бародари раиси ҷумҳури Эрон ба зиндон рӯзи 4-уми май аз ҷониби матбуоти эронӣ нашр шуд. Дар ҳоле, ки мӯҳлати ҳукми ӯ маълум нест, Радио Фардо мегӯяд, ки дар сурати шикояти оқои Фаридун аз болои ин ҳукм, ба далели бародари президент ва ҳам дорои ангезаҳои сиёсӣ буданаш, қазия муддати тӯлонӣ бозбинӣ шавад.
Рӯзи 5-уми май хабаргузории расмии ИРНА аз қавли Ҳамидризо Ҳусейнӣ, намояндаи вазорати адлия навиштааст, ки баъзе аз иттиҳомот ба зидди Ҳусейн Фаридун собит нашуд ва ӯро барои дигар гуноҳ ба зиндон маҳкум карданд.
Ҳусейн Фаридун, аз мушовирони баландпояи раисиҷумҳури Эронро соли 2017 дастгир шуд, вале баъди пардохти васиқа ӯро зуд озод карданд. Ӯро дер боз ба фасодкорӣ муттаҳам мекарданд. Ҳалқаҳои муҳофизакор ва мухолифи Руҳонӣ талаб кардаанд, ки бародари ӯ барои тақаллуби молӣ ба ҷавобгарӣкашида шавад, аммо тарафдорони Руҳонӣ, ки ислоҳталаб ба шумор меравад, мегӯянд, ин парванда барои беобрӯ кардани раиси ҷумҳур нигаронида шудааст.
Вале феълан худи Ҳусейн Фаридун аст, ки дар дар поёни се соли баҳсу даъвоҳо осеб дид. Карераи замоне хеле муваффақ ва баландпарвозаш дар они воҳид сиёҳ шуд.
"Ба он хотир, ки оқои Фаридун нақши бисёр муҳиме дар ҳукумати аввали оқои Рӯҳонӣ дошт, - мегӯяд журналист Ризо Ҳақиқатнажод. Бисёр вазирон бо оқои Фаридун ҳамоҳанг буданд ва дар хеле аз раддаҳои миёна мудирон, ки мехостанд нафареро мансуб бикунанд, оқои Фаридун буд, ки ҳарфи аслиро мезад ва чеҳраи аввал буд. Дар пушти парда буд. Ва дар музокироти ҳастаӣ ҳам нашрияи Bloomberg як таъбире кард, ки эшон "чашму гӯши раисҷумҳур аст". Рӯҳонӣ ӯро ба музокироти ҳастаӣ мефиристод ва ба бародараш хеле эътимод дошт".
Ба гуфтаи ин хабарнигор, президент бародарашро ба нишастҳои дигари дохилии муҳими низомиву амниятӣ мефиристод, то аз ӯ намояндагӣ кунад. Ҳусейн Фаридун як шахсияти муҳим дар тасмимгириҳои иқтисодӣ бо кишварҳои хориҷӣ ҳам буд ва ҳоло, баъди содир шудани ҳукми додгоҳ ва пушти панҷара рафтанаш, дигар тамоми ин имконият ва аслан ҳақи ҳузур дар ҳукуматро аз даст дод. Тавре эрониҳо мегӯянд, "аз арш бар фарш уфтод",-гуфт ӯ.
Вокуниши худи Рӯҳонӣ ба ин ҳукм чӣ буд?
Ҳасани Рӯҳонӣ, президенти Эрон, ба қавли хабарнигорон, то ҳол ҳукми зиндони бародарашро ҳеҷ гуна шарҳ надодааст ва ҳам вокуниши ӯ ҳам барои матбуот маълум нест. Вале тавре коршиносони сиёсӣ мегӯянд, баъди ду соли моҷароҳо атрофи номи бародараш, президент иҷоза дод, ки ходимони ҳифзи ҳуқуқ парвандаи оқои Фаридунро бисанҷанд. Натиҷаи кор зиндон шуд, ва ҳоло, ба қавли бархе аз онҳо, баръакс, барои президент манфиатҳои сиёсӣ медиҳад, ки бародари худро аз пайгарди қонунӣ наҷот надод ва дар нисбати қонун ва ҷиноят "хунсардиву адолат"-ро ба намоиш гузошт.
Вале то куҷо узви муҳими тими президенти будани бародари раиси ҷумҳурӣ мавриди суол буд? Ризо Ҳақиқатнажод мегӯяд, ба фарқ аз дигар кишварҳо, масъалаи ҳузури хеши наздик дар тими ҳукуматӣ зиёд мавриди суол ё шубҳа набуд. Далели ин таҷрибаи кори раҳбарони пешини сиёсӣ дар Ҷумҳурии Исломӣ мебошад, ки дар мисоли Хумайнӣ, Лориҷонӣ, Рафсанҷонӣ, Аҳмадинажод ва дигарҳо дидаанд, ки ҳузури писар ё бародари хунӣ дар ҳукумат "одати сиёсӣ шудааст".
Ҳусейн Фаридун, ки ҷузъиёти зиндагиномааш зиёд матраҳ нест, бародари хурдии президенти Эрон аст, ки исми падариашро иваз кардааст. Додгоҳи ӯ ва шаш муҷрими дигар моҳи феврал шурӯъ шуда, моҳи май ба анҷом расид. Худи ӯ ва тарафдоронаш ҳукми зиндонро "дорои ангезаҳои сиёсӣ", номидаанд.