Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти сулҳи намояндагони ИМА ва Толибон ба таъхир афтод


Музокираҳои сулҳи миёни намояндагони ИМА ва Толибон дар пойтахти Қатар шаҳри Давҳа бо шурӯи моҳи Рамазон дар таърихи 6 май ба таъхир гузошта шуд. То ин замон мушкили аслии ду ҷониб бар сари мушаххас кардани замони тарки Афғонистон кардани нирӯҳои хориҷӣ буд. Дар давоми чандин ҳафтаи ахир амрикоиҳову Толибон аз наздик музокира мекунанд ва ин даври шашуми музокироти сулҳи миёни ИМА ва Толибон мебошад. Ҳадафи ниҳоӣ – хатми ҷанги 18-сола дар Афғонистон аст, вале Толибон мегӯянд, ки ҷараёни музокираҳо дучори мушкил шудааст.

Сухангӯи сиёсии Толибон Суҳайл Шоҳин дар Твиттери худ навишт, ки музокираҳои сулҳ дар рӯзи аввали моҳи Рамазон боздошта шуда, қарор аст дар рӯзҳои баъдӣ идома ёбад. Шоҳин рӯзи 5 май ба хабаргузории AFP гуфт, ки дар марҳилаи баррасии замони хориҷ шудани нирӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон музокираҳо вориди “бунбаст” шуд. Пеш аз расидан ба созиш дар заминаи хуруҷи нирӯҳо, Вашингтон талаб дорад, ки гурӯҳҳои ҷангӣ амниятро таъмин ва оташбасро риоя кунанд ва дигар ӯҳдадориҳои муҳимро дар музокираҳои миёни ҳукумат ва мухолифон ба ӯҳда бигиранд.

Толибон мегӯянд, то замоне, ки ИМА фурсати замонии тарки хоки Афғонистон карданро эълон накунад, онҳо ба ҳеҷ як амале даст намезананд. Дар поёни ҷаласаи чоррӯзаи Лоя Ҷирга дар Кобул охири ҳафтаи гузашта президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ ба Толибон пешниҳоди оташбас дар моҳи шарифи Рамазон кард, вале ҷангиён ин пешниҳодро рад карданд.

XS
SM
MD
LG