Федерика Могеринӣ, раҳбари сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо мегӯяд, чолиши аслии матбуоти имрӯза – пахши хабарҳои бардурӯғ ва таҳрифомез дар давраи интихоботҳо аст, ки барои пешбурди ормонҳои демократӣ дар ҷомеаҳо мушкил эҷод мекунанд. Ба ҳамин хотир, ба гуфтаи ӯ, Иттиҳодияи Аврупо нақшаи амал дар заминаи мубориза бо хабарҳои бардурӯғро роҳандозӣ кардааст, ки ба тақвияти муқовимати ҷомеа дар бархӯрд бо ин равандҳо нигаронида шудааст.
Дар изҳороти Могеринӣ, ки рӯзи 3 май ба муносибати рӯзи озодии матбуот нашр шуд, гуфта мешавад, ки нақшаи амал навсозии метод ё шеваҳои шинохти хабарҳои дурӯғу сохтакоришуда ва ҳамоҳангии талошҳои кишварҳои узв барои боло бурдани сатҳи огаҳии мардумро дар назар мегирад. “Баррасиҳои бозу озод ва одилона – асоси сохтори қавии демократӣ мебошад. Мо вазифадор ҳастем, ки ин фазоро ҳифз кунем ва роҳ надиҳем, ки аз роҳи пахши хабарҳои бардурӯғ сабаби эҷоди нафрат, ихтилоф ва нобоварӣ ба демократия шавем”, гуфт Могеринӣ.
Имрӯз 3-ум май дар саросари ҷаҳон Рӯзи озодии матбуот таҷлил мешавад. Тоҷикистон ҳам дар солҳои охир барои рукуди нишондодҳои озодии матбуот интиқод мешавад. Дар раддабандии созмони «Гузоришгарони бидуни марз» соли равон ҷойгоҳи Тоҷикистон аз назари озодии баён 12 зина поён рафта, дар мавқеи 161-ум қарор гирифт.