Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мирзо Шамсиев: "Қарз гирифта, Баҳодурро ба чемпионати Осиё фиристодам". Видео, Акс, Садо


Баҳодур Усмонов.
Баҳодур Усмонов.

Баҳодур Усмонов, варзишгари тоҷик, дар мусобиқоти қаҳрамонии бокси Осиё, ки аз 20-ум то 26-уми апрел дар шаҳри Бангкоки Тайланд баргузор шуд, барои аввалин бор ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфта, бо медали тилло сарфароз гашт.

Баҳодур, ки дар рақобатҳо дар вазни зери 64 кило дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар Далсуки Нариматсу аз Ҷопон ғолиб омад ва ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфт. Ӯ дар чорякфинал бар Туғрулбег Паззиев аз Туркманистон пирӯз гардида, ба нимфинал баромад.

Баҳодур дар қувваозмоии ниманиҳоӣ муштзани қазоқ Саматалӣ Толтаевро шикаст дод ва ба финал роҳ пайдо кард. Муштзани тоҷик дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Обада Ал-Касбе аз Урдун дастболо шуд.

Зимнан, Баҳодур Усмонов, ки таҳти раҳбарии мураббии варзида Мирзо Шамсиев тамрин мекунад, дар таърихи бокси тоҷик чорумин муштзанест, ки ба гирифтани унвони қаҳрамони Осиё мушарраф шудааст.

Пеш аз ӯ дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё Ҷаҳон Қурбонов (соли 2008) ва Анвар Юнусов (соли 2011) байни мардон, инчунин Мавзуна
Чориева
(соли 2010) миёни занон медалҳои тило ба даст оварда буданд.

Бояд гуфт, ки Анвар Юнусов, Мавзуна Чориева ва Баҳодур Усмонов шогирдони Мирзо Шамсиев мебошанд. Хабарнигори Радиои Озодӣ бо ин мураббии варзида ҳамсуҳбат шуда, аз ӯ хоҳиш кард, ки ба чанд савол посух бидиҳад.

Радиои Озодӣ: Дар бораи шогирди худ Баҳодур Усмонов каме иттилоъ бидиҳед.

Мирзо Шамсиев: Баҳодур Усмонов соли 1997 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Моҳи декабри имсол 22-сола мешавад. Ӯ соли гузашта Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистонро хатм кардааст. Ҳанӯз муҷаррад аст.

Радиои Озодӣ: Баҳодур ба ҷуз медали тиллои қаҳрамонии Осиё ба чигуна дастовардҳо мушарраф шудааст?

Мирзо Шамсиев: Ӯ чемпиони чандинкаратаи бокси Тоҷикистон мебошад. Ду соли ахир дар мусобиқоти байналмилалӣ ба натиҷаҳои баланд ноил шудааст. Соли 2018 дар Бозиҳои осиёӣ дар Индонезия ду қувваозмоӣ анҷом дод. Нахуст бар муштзан аз Шри-Ланка ғолиб омад. Дар рақобати дуюм бо варзишгари тайландӣ қувваозмоӣ кард. Баҳодур бартарӣ дошт, вале доварон ноҳаққӣ карда, рақибашро ғолиб донистанд. Моҳи феврали имсол Баҳодур дар мусобиқаи байналмилалӣ, ки ба хотираи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Дуйшен Шопоков дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон баргузор шуд, ҷойи аввалро азони худ кард. Дар ин мусобиқа Баҳодур дар қувваозмоии сеюмаш ҳамон муштзани тайландиро шикаст дода, аз ӯ интиқом гирифт.

Гуфтугӯ бо Мирзо Шамсиев
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:49 0:00
Линки мустақим

Радиои Озодӣ: Баҳодур чигуна шогирди шумо шуд?

Мирзо Шамсиев: Баҳодур аввал дар клуби варзишии “Сомон”, ки онро шогирдам Сайфулло Ҳабибов дар мактаби миёнаи рақами 92-и Душанбе таъсис дода буд, тамрин мекард. Баъдан ба толори бокси мактаби рақами 37-и пойтахт омада, бо раҳбарии ман машқ менамуд. Сипас дар толори варзишии “Тоҷварз” бо раҳбарии Рустам Музаффаров тамрин мекард. Баҳодур чор сол пеш боз ба назди ман омад ва ӯро то имрӯз машқ медиҳам.

Радиои Озодӣ: Барои Баҳодур мусобиқоти бузурги имсола кадом аст?

Мирзо Шамсиев: Аз 17-ум то 21-уми сентябри имсол дар шаҳри Екатеринбурги Русия мусобиқоти қаҳрамонии бокси ҷаҳон барпо мегардад. Мо ба ин мусобиқоти ҷаҳонӣ аз ҳоло омодагӣ мебинем.

Радиои Озодӣ: Дар ин мусобиқоти ҷаҳонӣ Тоҷикистонро боз киҳо намояндагӣ мекунанд?

Мирзо Шамсиев ва Мавзуна Чориева.
Мирзо Шамсиев ва Мавзуна Чориева.

Мирзо Шамсиев: Касе ки сарпараст меёбад, иштирок хоҳад кард. Аслан бояд чемпионҳои Тоҷикистон иштирок намоянд, вале агар онҳо маблағ пайдо накунанд, онгоҳ ҷоизадорони нуқра бояд ширкат варзанд. Дарвоқеъ, дар чемпионати Осиё онҳое иштирок карданд, ки маблағ пайдо намуданд.

Барои иштироки шогирдам Баҳодур Усмонов дар чемпионатии Осиё 12000 сомонӣ (1200 доллари ИМА) қарз кардам. 700 доллар ба ӯ додам ва ба 500 доллар билет харидам. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ин маблағро бармегардонад.

Радиои Озодӣ: Оё шумо низ ба Тайланд рафта будед?

Мирзо Шамсиев: Ман ба ҳайси мураббӣ бояд ба чемпионати Осиё ҳамроҳи шогирдонам мерафтам, вале барои ман маблағ пайдо нашуд.

Радиои Озодӣ: Ба назари шумо варзишгарони тоҷик метавонанд дар ин ришта қаҳрамони ҷаҳон ва ҷоизадори олимпӣ шаванд?

Мирзо Шамсиев: Метавонанд. Ба шарте ки, якум варзишгар дар ҷамъомадҳои дастаҷамъӣ иштирок кунад. Дуюм, пеш аз чемпионати ҷаҳон дар ду-се мусобиқаи байналмилалӣ ширкат варзад. Сеюм, роҳбарони федератсия бояд дар чемпионатҳои ҷаҳон иштирок намоянд. Инчунин дар чемпионатҳои ҷаҳону бозиҳои олимпӣ бояд довар аз Тоҷикистон ширкат варзад. Як нафар довари байналмилалӣ дорем: Мансур Муҳиддинов. Ӯ дар чемпионати Осиё доварӣ кард, вале намедонам, ки ӯро ба чемпионат ҷаҳон даъват мекунанд?

Баҳодур Усмонов: Ба ғалабаҳои нав омода мешавам!
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:26 0:00

Дар ҳоле ин суҳбат барои нашр омода мешуд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ гурӯҳе аз корбарон ба унвони раиси Федератсияи бокси Тоҷикистон Бег Зуҳуров муроҷиат карда, аз ӯ хоҳиш намудаанд, ки ба ин варзишгари тоҷик барои дастоварди бузургаш хона тақдим намояд.

Дар асоси низомномаи Ҷоизаи президенти Тоҷикистон барои медали тиллои чемпионатҳои Осиё оид ба намудҳои олимпии варзиш 75000 сомонӣ муқаррар шудааст.​

XS
SM
MD
LG