Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистонро дар Бозиҳои осиёӣ 4 муштзан намояндагӣ мекунад


Варзишгароне, ки дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба бокс дар Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ дар Индонезия ширкат меварзанд, маълум шуданд.

Ба иттилои Федератсияи бокси Тоҷикистон, чаҳор варзишгари тоҷик таҳти раҳбарии мураббӣ Мирзо Шамсиев дар мусобиқа оид ба бокс аз рӯи барномаи Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ, ки рӯзҳои 22-31-уми август дар шаҳри Ҷакартаи Индонезия доир мегардад, иштирок мекунанд.

Мусобиқа оид ба бокс аз рӯи ҳафт дараҷаи вазнҳо байни мардон ва се дараҷаи вазнҳо миёни занон баргузор мешавад. Варзишгарони тоҷик дар ду вазн миёни мардон ва дар ду вазн миёни занон ширкат меварзанд.

Варзишгарони тоҷик бори аввал дар Бозиҳои XII тобистонаи осиёӣ дар шаҳри Ҳиросимаи Ҷопон (2-16 октябри соли 1994) иштирок намуданд.

Дар сабқати занон Мадина Ғаффорова дар вазни зери 51 кило ва
Шоира Зулқайнарова дар вазни зери 60 кило рақобат хоҳанд кард. Дар сабқати мардон Асрор Воҳидов дар вазни зери 56 кило ва Баҳодур Усмонов дар вазни зери 64 кило вориди рақобат мешаванд.

Зимнан, варзишгарони тоҷик дар намуди бокс дар Бозиҳои осиёӣ 4 медал – 1 медали тилло ва 3 биринҷӣ ба даст овардаанд. Медали тиллоро Ҷаҳон Қурбонов соли 2006 дар Гуанжоуи Чин дар вазни зери 81 кило соҳиб шуд. Инчунин ӯ соли 2010 дар Гуанжоуи Чин дар вазни зери 91 кило бо медали биринҷӣ сарфароз гардидааст. Ду медали дигари биринҷиро Абдусалом Ҳасанов (вазни зери 54 кг) ва Меҳроҷ Умаров (вазни зери 48 кг) соли 2002 дар Бусани Кореяи Ҷанубӣ ба даст овардаанд.

Ёдовар мешавем, дар вебсайти Радиои Озодӣ 1-уми август ҳайатҳои дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ҷиҳати ширкат дар Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ оид ба шаш намуд – футболи занона, варзиши сабук, гуштии кураш, самбо, шиноварӣ ва таэквондо WTF - нашр шуда буд.

Ҳамчунин вебсайти Радиои Озодӣ 8-уми август ҳайатҳои дастаҳои Тоҷикистонро оид ба гуштии озод ва юнониву румӣ, ҷудо, камонварӣ, тирандозӣ, каратэ, ҷиу-ҷитсу, вазнабардорӣ ва қаиқронӣ нашр кард.

Ба ин тартиб, дар Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ, ки аз 18-уми август то 2-юми сентябри соли равон дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия баргузор мешавад, 80 варзишгари тоҷик аз рӯи 15 намуди варзиш ширкат меварзад.

Инчунин бо даъвати федератсияҳои байналмилалӣ ҳафт довари тоҷик мусобиқаҳоро аз рӯи барномаи Бозиҳои тобистонаи осиёии соли 2018 дар Ҷакарта ва Палембанги Индонезия ҳакамӣ мекунанд:

довари дараҷаи байналмилалӣ оид ба ҷудо Рамзӣ Шамиров,

довари дараҷаи байналмилалӣ оид ба вазнабардорӣ Шариф Давлатов,

довари дараҷаи байналмилалӣ оид ба гуштӣ Ҳабибулло Нарзуллоев,

доварони дараҷаи байналмилалӣ оид ба самбо Маҳмуд Абдуллоев ва Абдуқаҳҳор Қодиров,

довари FIFA Насрулло Кабиров ва ёвари довари FIFA Акмал Буриев, ҳарду оид ба футбол.

Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи осиёӣ сар аз соли 1994 барои бори ҳафтум ширкат хоҳанд кард. Умуман, дар ин мусобиқоти бузургтарини қитъавӣ дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳамагӣ 21 медал (4 тилло, 3 нуқра ва 14 биринҷӣ) гирифтааст.

Варзишгарони тоҷик бори аввал дар Бозиҳои XII тобистонаи осиёӣ дар шаҳри Ҳиросимаи Ҷопон (2-16 октябри соли 1994) иштирок намуда, соҳиби 2 медали биринҷӣ гардидаанд. Ин медалҳоро ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон Исроил Исмоилов дар намуди каратэ-до (вазни -80 кг) ва Хайрулло Назриев дар намуди ҷудо (вазни -86 кг) оварданд.

Вале варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XIII тобистонаи осиёӣ дар шаҳри Бангкоки Тайланд (6-20 декабри соли 1998) бе медал монданд.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои XIV тобистонаи осиёӣ дар шаҳри Бусани Кореяи Ҷанубӣ (29 сентябр – 14 октябри соли 2002) сазовори 6 медал (2 нуқра ва 4 биринҷӣ) шуд:

медалҳои нуқра:
Лидия Карамчакова – гуштии озод, -48 кг
Юсуф Абдусаломов– гуштии озод, -74 кг

медалҳои биринҷӣ:
Шамил Алиев – гуштии озод, -84 кг
Абдусалом Ҳасанов – бокс , -54 кг
Меҳроҷ Умаров – бокс, -48 кг
Исроил Исмоилов – карате-до, -75 кг

Тоҷикистон дар Бозиҳои XV тобистонаи осиёӣ дар шаҳри Доҳаи Қатар (1 – 15 декабри соли 2006) аввалин маротиба медалҳои тиллои Бозиҳои осиёиро сазовор шуд. Варзишгарони тоҷик дар ин бозиҳо 2 медали тилло ва 2 биринҷӣ ба даст оварданд:

медалҳои тилло:
Дилшод Назаров, гурзпартоӣ, натиҷааш 74,43 м
Ҷаҳон Қурбонов, бокс, - 81 кг

медалҳои биринҷӣ:
Расул Боқиев, ҷудо, -73 кг
Шокирҷон Раҷабов, таэквондо WTF, -84 кг

Тоҷикистон дар Бозиҳои XVI тобистонаи осиёӣ дар шаҳри Гуанжоуи Чин (12 – 27 ноябри соли 2010) соҳиби 4 медал - 1 тилло ва 3 биринҷӣ гардид:

медали тилло:
Дилшод Назаров, гурзпартоӣ, натиҷааш 76,44 м

медалҳои биринҷӣ:
Расул Боқиев, ҷудо, -73 кг
Муродҷон Тӯйчиев, гуштии юнониву румӣ, 120 кг
Ҷаҳон Қурбонов, бокс, -91 кг

Дар Бозиҳои XVII осиёӣ, ки аз 19-уми сентябр то 4-уми октябри соли 2014 дар шаҳри Инчони Кореяи Ҷанубӣ баргузор шуд, 90 варзишгари тоҷик аз рӯи 16 намуд, ба монанди бокс, ҷудо, гуштии озод, гуштии юнониву румӣ, варзиши сабук, тирандозӣ, футбол, шиноварӣ, картэ-до, таэквондо WTF, вазнабардорӣ, камонварӣ ва ғайра ширкат карда, 5 медал (1 медали тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ) ба даст оварданд.

Дилшод Назаров дар гурзандозӣ дар сабқати мардон бо натиҷаи 76 метру 82 сантиметр мақоми аввалро касб карда, бо медали тилло сарфароз гашт. Залимхон Юсупов дар сабқати гуштии озод дар вазни то 65 килограмм бо медали нуқра мукофотонида шуд. Дар сабқати таэквондо WTF байни мардон Фарҳод Неъматов дар вазни то 80 кг, Алишер Гулов дар вазни + 87 кг ва миёни занон Моҳрӯ Ҳалимова дар вазни + 73 кг ба мунтахаби Тоҷикистон се медали биринҷӣ оварданд.

Ҳамин тариқ, Тоҷикистон дар Бозиҳои XVII осиёӣ бо касби 5 медал дар байни 45 кишвар дар ҷойи 23-юм қарор гирифт. Ин натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои осиёӣ дар ҳисоби умумидастаӣ то кунун ба шумор меравад.

XS
SM
MD
LG