Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мирзиёев: маоши омӯзгор бояд на камтар аз 1000 доллар бошад


Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев.
Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев.

Раиси ҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев назди худ ҳадаф гузоштааст, ки музди ҳармоҳаи омӯзгоронро баланд кунад ва то ба 1000 доллар расонад.

Дастмузди кам омӯзгорон яке аз мавзӯъҳои асосиест, ки борҳо дар машваратҳои видеоконфаронсии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев баррасӣ мешавад. Вай барои ҳукумати худ ҳадаф гузоштааст, ки музди ҳармоҳаи омӯзгоронро баланд кунад ва то ба 1000 доллар расонад. Дар ин бора вазири маорифи Ӯзбекистон Шерзод Шерматов дар нишасти хабарие иттилоъ дод, ки ҳанӯз охири моҳи марти соли равон баргузор гашта буд.

Шерзод Шерматов таъкид кард, ки вақтҳои охир президент ва ҳукумати кишвараш ба баланд бардоштани мақому ҷойгоҳи муаллим талош мекунанд. Ба гуфтаи ӯ, дар ин равиш ба даромади молии муаллимони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ таваҷҷуҳ зоҳир мешавад, ки ҳамонон дар сатҳи зарурӣ нест.

"Чанде пеш тарҳзи қонуне омода гашт, ки мақсад аз он баланд бардоштани эътибору обрӯйи муаллим аст. Дар ҳар яке аз ҷаласаҳои селекторӣ президент ба таври махсус аз мушкили омӯзгорон сухан мекунад. Мо ин равандро то ҷое идома хоҳем дод, ки маоши муаллим тақрибан бо як ҳазор доллар баробар шавад," - ин суханони вазирро сомонаи хабарии Nuz.uz ба нақл аз нашрияи «Халк сузи» мунташир кардааст.

Вазири маорифи Ӯзбекистон ҳамчунин зикр намуд, ки вазораташ калонтарин кордиҳандаи ин кишвар аст ва ҳатто камтарин афзоиши маошу пардохтҳо оқибати кор ба чанд миллиард сум баробар мешавад.

"Биноан ҳоло болоравии музди муаллим дар чаҳорчуби имкониятҳо ҷараён гирифт. Дар моҳҳои сентябри соли гузашта ва январи имсол маоши омӯзгорон 39−49% боло бурда шуд. Дар оянда ҳамзамон бо рушди иқтисодӣ ин маошҳо низ боло бурда хоҳанд шуд. Президент гуфт, ором нахоҳад гирифт то замоне ки музди муаллим ба 1000 доллар расонида нашавад. Чунин мешуморам, ки таваҷҷуҳ ба касби омӯзгорӣ дар кишвар танҳо рӯ ба афзоиш хоҳад дошти», - гуфт вазири маориф, тавре ки суханонашро нашрияи Gazeta.uz иқтибос кардааст.

Ба гузориши расонаҳои ахбори ом, дар соли 2018 музди миёнаи кормандони риштаи маориф дар Ӯзбекистон наздики 150 долларро ташкил додааст.

XS
SM
MD
LG