Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Задухӯрдҳои мусаллаҳона бо иштироки низомиён дар Венесуэла


Дар шаҳри Каракаси Венесуэла миёни ҷонибдорони раҳбари мухолифон Хуан Гуайдо ва нирӯҳои амниятӣ задухӯрдҳо оғоз шудаанд.

Видеоҳои нашршуда истифодаи гази ашковарро нишон медиҳанд ва хабарнигорони Reuters мегӯянд, тирпаронӣ низ мушоҳида мешавад.

Ҷонибдорони Гуайдо дар назди пойгоҳи низомии ҳавоӣ дар Каракас пас аз он ҷамъ шуданд, ки раҳбари мухолифон субҳи сешанбе бо нашри изҳороти видеоӣ аз артиши Венесуэла хост, ба эътирозҳо зидди президент Николас Мадуро бипайвандад. Вай дертар ба хабарнигорони ғарбӣ гуфт, ки ними артиш аллакай ба ҷониби ӯ гузаштааст.

Дар ҳоли ҳозир маълум нест, ки чи қадар низомиён аз Гуайдо ҷонибдорӣ мекунанд ва ё артиш аз ӯ ҳимоят хоҳад кард, ё не. ​

Мухолиф Леополдо Лопес, ки дар ҳабси хонагӣ қарор дошт, ба сафи ҷонибдорони Гуайдо пайваст. Лопес гуфт, ӯро низомиёни ҷонибдори Гуайдо озод карданд.

Вазири иттилооти Венесуэла Хорхе Родригес гуфт, "як гуруҳи кучаки низомиёни хоин" мехостанд, дар ин кишвар табаддулот кунанд. Вазири дифои Венесуэла Владимир Падрино - ҷонибдори Мадуро изҳор дошт, ки дар артиш касе аз "ошӯб" ҷонибдорӣ накард.

Мушовири президенти ИМА дар умури амнияти миллӣ Ҷон Болтон дар Твиттер артиши Венесуэларо ба "ҳимояти конститутсия ва ҳокимияти қонунӣ" даъват кард. ИМА раиси порлумони Венесуэла Гуайдоро раҳбари қонунии ин кишвар меҳисобад.

​Буҳрони сиёсии Венесуэла аз моҳи январи соли равон ба ин сӯ идома дорад. Гуайдо Мадуроро дар ғасби ҳукумат айбдор ва худ ҳамчун президенти муваққат савганд ёд кард. Фишангҳои идораи кишвар ва ниҳодҳои қудратӣ дар дасти Мадуро ҳастанд. ИМА, бештари кишварҳои Амрикои Лотинӣ ва Иттиҳоди Аврупо аз Гуайдо ва Куба, Русия, Чину Туркия аз Мадуро ҷонибдорӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG