Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Модари Улуғхоҷаев -- сухангӯи Нерӯҳои марзбонӣ: "Писарам боздошт шудааст"


Наздикони сухангӯи Раёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ-и Тоҷикистон рӯзи 29-юми апрел тасдиқ карданд, ки Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев дар боздошт аст.

Зебо Улуғхоҷаева, модари Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев гуфт, бори ахир писарашро ду ҳафта пеш дида буд. Хонум Улуғхоҷаева, тасдиқ кард, ки рӯзи 16-уми апрел манзили писарашро мақомот кофтукоб карданд. Ин дар ҳолест, ки мақомот то ҳол аз боздошти Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев, сабабҳои он ва кофтукоби манзили ӯ хабаре нашр накардаанд.

Модари Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев афзуд, барои писараш вакили дифоъ гирифтааст, вале намедонад, ки алайҳи ӯ бо кадом моддаҳо парванда боз кардаанд. Хонум Улуғхоҷаев танҳо гуфт, "ман ба бачам бовар дорам. Бовар дорам, ки ягон кор накардаст."

Дар як тамоси телефонӣ Радиои Озодӣ аз як узви дигари хонаводаи Улуғхоҷаев ҷузъиёт пурсид. Ин шахс дар ҷавоб гуфт, иттиҳом ва дигар ҷузъиёти марбут ба ин ҳодисаро намедонад. Ин ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ инчунин гуфт, ки аз замони боздошт шудани Муҳаммадҷон, "ӯро надидааст" ва намедонад, ки муносибати худи ӯ ба иттиҳом чист.

Феълан маълум нест, ки оё нисбати Улуғхоҷаев парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ё на.

Ин дар ҳолест, ки ду расонаи ҷудогона дар давоми се рӯзи охир навиштанд, ки подполковник Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев, раиси маркази матбуотии Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон бо иттиҳоми гӯё "фош кардани сирри давлатӣ", боздошт шудааст.

Аз ҷумла, як манбаи сомонаи "Азия-Плюс" гуфтааст, ки Улуғхоҷаев давоми ду ҳафтаи охир дар боздошт аст ва дар он гумонбар мешавад, ки гӯё тавассути паёмакрасон ё мессенҷераш кадом иттилои махфиро ба касе фиристодааст. Вебсайти "Ахбор" навишт, ки Улуғхоҷаев гӯё "кадом маълумоти сирриро ба созмони хориҷӣ" тавассути компютери хонагиаш ирсол кардааст.

Ҳарду расона ин хабарҳоро бо такя ба манобеи худ нашр карданд ва феълан санҷидани дурустии ин хабар ва ҷузъиёти дигар имкон надорад.

Феълан маълум нест, ки оё нисбати Улуғхоҷаев парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ё не, вале ин сомона мегӯяд, ки боздошти Улуғхоҷаевро кормандони КДАМ -- сохторе, ки нерӯҳои марзбонӣ як бахши он мебошад, анҷом додаанд.

Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон тобеи КДАМ мебошанд.
Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон тобеи КДАМ мебошанд.

Инчунин, ба навиштаи ин расонаҳо, баъди ҳодисаи боздошти Улуғхоҷаев, раиси КДАМ Саймумин Ятимов ба ҳамаи вазорату сохторҳои давлатӣ нома ирсол карда ва гуфтааст, ки "сухангӯҳои идораҳо дигар ҳақ надоранд бидуни огаҳии раҳбарияти сохторҳо иттилое нашр кунанд ваё ин иттилоро дар ихтиёри журналистон қарор диҳанд".

Дар ҳамин ҳол, ҳамкорони имрӯзаву собиқи Улуғхоҷаев мегӯянд, дар бораи фаъолияти кориву масъулиятшиносии ӯ танҳо назари нек доранд. Аз ҷумла, яке аз ҳамкорони ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "магар осон аст, ки дар ин муддат то мартабаи подполковник баланд шавад? Хеле шахси бомасъулият аст, вале мо ҳам намедонед, ки дар асл чӣ гузашт". Ин корманди нерӯҳои марзбонӣ гуфт, ки бори охир "як-яку ним моҳ пеш Муҳаммадҷонро дар як ҷаласаи корӣ дида буд".

Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев, ба қавли ҳамкорони собиқаш, 36 сол дошта, риштаи физикаи Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро хатм кардааст. Дар гузашта дар оҷонсии "Азия-Плюс" ва баъдан дар вазорати дифои Тоҷикистон ба ҳайси як корманди техникии дафтари матбуот кор кардааст.

Соли 2009 ба кор дар Раёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ гузашт. Ин ҷо низ корро аз наворбардориву иҷрои масъулиятҳои фаннӣ шурӯъ карда, баъдан дар соли 2014 масъулиятҳои сухангӯ ва иртибот бо матбуотро ба дӯш гирифт.

XS
SM
MD
LG