Дар ин мусобиқоти қитъавӣ ҳудуди 500 варзишгар аз 33 кишвари Осиё ширкат дошт. Ба ҳайати дастаи Тоҷикистон 6 варзишгар дохил буд: Нодирбек Қулматов, Асадбек Фаттоев, Умед Сафаров (миёни ҷавонони то 17-сола), Муҳаммад Тешаев, Ҳоҷиқурбон Маҳмадов, Абдулваҳҳоб Шаропов (миёни ҷавонони то -21-сола).
Аз байни онҳо ду нафар медал гирифтанд. Асадбек Фаттоев дар вазни зери 68 кило ва Умед Сафаров дар вазни зери 76 кило миёни навҷавонони то 17-сола бо медалҳои бирнҷӣ мукофотонида шуданд.
Инчунин Нодирбек Қулматов дар вазни зери 61кило миёни 17-солаҳо ҷойи 7-умро азони худ кард. Муҳаммад Тешаев дар байни ҷавонони то 21-сола натиҷаи беҳтар нишон дода, дар вазни зери 55 кило ҷойи панҷумро соҳиб шуд.
Ҳамагӣ варзишгарони 23 кишвар бо медалҳои мусобиқоти 18-уми қаҳрамонии Осиё оид ба каратэ (WKF) миёни наврасону навҷавонон ва ҷавонони то 21-сола сарфароз гаштанд. Намояндагони даҳ кишвар медалҳои тилло ба даст оварданд.
Дар ҳисоби умумидастаӣ аз рӯи шумораи медалҳо бо дарназардошти сифати онҳо мунтахаби Ҷопон бо касби 29 медал (16 тилло, 7 нуқра ва 6 биринҷӣ) ҷойи аввалро соҳиб шуд.
Мунтахаби Қазоқистон бо касби 17 медал (4 медали тилло, 8 медали нуқра ва 5 медали биринҷӣ) дар ҷойи дуюм қарор гирифт. Мунтахаби Арабистони Саудӣ бо касби 10 медал (4 медали тилло, 1 медали нуқра ва 5 медали биринҷӣ) ҷойи сеюмро ишғол намуд. Мунтахаби Тоҷикистон бо ду медали биринҷӣ ҷойи 15-умро соҳибӣ кард.