Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Санаи эҳтимолии оғози Рамазон дар Қирғизистон эълон шуд


Идораи муфтиёти Қирғизистон санаи эҳтимолии оғози моҳи шарифи Рамазонро эълон кард. Мақомоти ин ниҳод гуфтаанд, имсол Рамазон дар Қирғизистон 6-уми май шуруъ мешавад.

Дар ин бора бахши қирғизии Радиои Озодӣ рӯзи 27-уми апрел хабар дод.

Дар идораи муфтиёти Қирғизистон гуфтаанд, санаи дақиқи оғози моҳи Рамазон ҳафтаи оянда маълум мешавад. Дар Тоҷикистон ҳанӯз оғози моҳи Рамазон эълон нашудааст. Шӯрои уламо як ҳафта қабл аз расидани ин моҳ субҳи рӯзагириро эълон ва тақвими моҳи шарифро нашр мекунад.

Рамазон як моҳ идома мекунад. Дар ин моҳ аз субҳ то шом мардум аз хӯрдани хӯрок ва алфози қабеҳу амалҳои бад худдорӣ менамоянд. Ин моҳ бо иди Рамазон хотима меёбад.

XS
SM
MD
LG