Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Чин форуми "Як камарбанд - як роҳ" оғоз шуд


Дар шаҳри Пекини Чин нишасти "Як камарбанд - як роҳ" бо иштироки раҳбарони даҳҳо кишвар оғоз шуд. Дар форум раҳбарону раисони ҳукумати 37 кишвар, аз ҷумла президентҳои Тоҷикистону Қирғизистон, Узбекистон ва Қазоқистон иштирок доранд.

Рӯзи 26-уми апрел дар оғози форум президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев низ иштирок кардааст. Дар ин бора сухангӯи Назарбоев Айдос Укибой дар Твиттер хабар дод.

Дар форуми мазкур, ки рӯзи 27 апрел низ идома мекунад, натиҷаи шашсолаи ташаббуси Чин - "Як камарбанд - як роҳ" ва рушду дурнамои он баррасӣ хоҳад шуд.

Тарҳи "Як камарбанд - як роҳ" соли 2013 дар анҷумани XVIII Ҳизби коммунисти Чин эълон шуд, ки ду тарҳи бузург -- "Камарбанди иқтисодии Роҳи абрешим" ва "Роҳи абрешими баҳрии асри XXI"-ро муттаҳид мекунад. Ин роҳ ба ташаккули даҳлезҳои энержӣ, нақлиётӣ ва тиҷоратӣ миёни Чин ва минтақаҳои Осиёи Марказӣ, Аврупо ва Шарқи Наздик, нигаронида шудааст.

Дар доираи ташаббуси Пекин 118 санади ҳамкорӣ бо беш аз сад кишвар ва созмонҳои байналмилалӣ ба имзо расидааст. Ҳаҷми умумии гардиши моли Чин бо шарикони "Як камарбанд - як роҳ" ҳудуди 5 триллион долларро ташкил дода, барои 25 кишвари узв Чин бузургтарин шарики тиҷоратӣ гардидааст.

Ҳаҷми сармоягузорӣ дар кишварҳои масири "Як камарбанд - як масир" бо рушди миёнаи солонаи 7,2 дарсадӣ марзи 70 миллиард долларро убур кардааст.

XS
SM
MD
LG