Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Қирғизистон кони уранро дар Иссиқкӯл баст


Ҳукумати Қирғизистон иҷозатномаи ширкати "ЮрОсиё дар Қирғизистон"-ро барои истихроҷи уран дар кони ноҳияи Тони вилояти Иссиқкӯл бозхонд кард.

"Ман расман эълон мекунам, ки кон баста шуд. Ширкат дигар на танҳо ба коркарди кон, ҳатто барои анҷоми корҳои иктишофӣ низ ҳақ надорад. Мо иҷозатномаи онро бекор кардем", - гуфт муовини сарвазири Қирғизистон Қубодбек Боронов дар суҳбат бо сокинони маҳаллӣ.

Ширкати русиву қирғизии "ЮрОсиё дар Қирғизистон" мехост, дар кони ноҳияи Тони Иссиқкӯл уран истихроҷ кунад. Вале корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ маъракаеро зидди коркарди кон ба роҳ монда, фаъолони маданӣ дар Бишкек эътироз карданд. Онҳо гуфтанд, коркарди уран ба муҳити зист ва саломатии сокинон зарари сахт мерасонад.

Сарвазири Қирғизистон Муҳаммадқулӣ Абилғозиев 22 апрел дастур дод, ки то эъломи натиҷаи ташхиси зистмуҳитӣ корҳо дар кон қатъ шаванд.

Худи ширкат мегӯяд, ҳангоми коркарди уран аз техникаҳои бехатарӣ истифода мекунад ва ба муҳити зист осебе нахоҳад расид.

Бархе аз вакилони порлумони Қирғизистон пешниҳод карданд, ки то соли 2070 ба истихроҷи уран дар ин кишвар моратория эълом шавад.

XS
SM
MD
LG