Дар бозии аввал, ки рӯзи 22-юми апрел доир гардид, футболбозони навраси тоҷик ба дарвозаи ҳамсолонашон аз Умон ду голи беҷавоб заданд. Голҳоро Абдуфаттоҳи Худойдодзода дар дақиқаи 28-ум ва Меҳрубони Абдурауф дар дақиқаи 90-ум ба самар расониданд.
Бозии дуюми дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистон ва Умон, ки 25-уми апрел барпо гашт, бо ҳисоби мусовии 3:3 хотима ёфт. Ҳисобро дар дақиқаи 35-ум Абдул Алим Ал-Раваҳӣ, бозигари умониҳо, бо задани ҷаримаи 11-метрӣ боз кард.
Баъди 3 дақиқа Мишарӣ Ал-Ҳасанӣ ҳисобро афзун намуд. Голи сеюми меҳмононро Абдул Раҳмон Ал-Ҷабрӣ дар дақиқаи 45-ум зад. Пеш аз танаффус Хуршед Убайдуллозода тӯбро аз пеналтӣ ба ҳадаф расонида, ҳисобро тағйир дод – 1:3.
Пас аз танаффус Афлаҳ Солеҳ Ал-Ҷарадӣ (дақиқаи 47-ум) ғайричамшдошт тӯбро ба дарвозаи дастааш ворид кард. Ба Абдуфаттоҳи Худойдодзода муяссар шуд, ки дар дақиқаи 83-юм ҳисобро баробар намояд – 3:3.
Ин ду бозии дӯстона муқобили дастаи Умон барои ҳайати нави мунтахаби наврасони Тоҷикистон яке аз давраҳои омодагӣ ба марҳилаи интихобии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2020 маҳсуб мешуд, ки моҳи сентябри имсол баргузор мешавад.
Бозиҳои интихобӣ
Тоҷикистон (U-16) – Умон (U-16) – 2:0
Голҳо: Абдуфаттоҳи Худойдодзода, 28 (1:0). Меҳрубони Абдурауф, 90 (2:0).
Сардовар: Абдулло Давлатов (Шаҳринав).
Комиссари бозӣ: Ҷовидон Ҳасанов (Душанбе).
22 апрел. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 1236 тамошобин.
Тоҷикистон (U-16) – Умон (U-16) – 3:3
Голҳо: Абдул Алим Абдулло Саъдулло Ал-Раваҳӣ, 35 – аз пеналтӣ (0:1). Мишари Алӣ Сайф Ал-Ҳасанӣ, 38 (0:2). Абдул Раҳмон Сауд Юнус Ал-Ҷабрӣ, 45 (0:3). Хуршед Убайдуллозода, 45+3 – аз пеналтӣ (1:3). Афлаҳ Солеҳ Ҷамил Ал-Ҷарадӣ, 47 – ба дарвозаи худ (2:3). Абдуфаттоҳи Худойдодзода, 83 (3:3).
Сардовар: Рустам Нурматов (Душанбе).
Комиссари бозӣ: Ҷовидон Ҳасанов (Душанбе).
25 апрел. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 550 тамошобин.
Салом. Толибон бо эҳтимоли зиёд ба тоҷикистон ҳамла намекунад. Зеро у кумаки лоҷестики ғайри расми аз русия мегирад, ва у намехоҳад бо ду тараф дасту панҷа нарм кунад онҳам бо русҳо, ки медонад оқибат чи мешавад. Ҳеҷ инсони оқил вақте ба яктараф дар ҷанг ҳаст барои худаш як дарди сари дигар дуруст кунад, онҳам чи дарди саре.... Мардуми тоҷик ороим бошед ва ҳеҷ тарсе роҳ надиҳед. Ин бозиҳои сиёсиро каме ёд гиред хуб ҳаст, зарар надорад.
Чаро мегуед касе осеб надид? Бобои Давлатбег аз Рузвай дар китфаш тир хурда дар Караболои Душанбе качпахлу хобай
Ман тарафдорам, ки дембелхое, ки аз ин ба баъд бардафтори мекунанд якумра хабс карда шаванд. Бигзор дар турма мурда пусида раванд.
Чиба кампанияи майл.ру андоз намебандан
Biser kori zaruri hast. Vatan dar khatar monad, mo hama sarkhadchi hastem. Lekin baroi chi in korho fakat dar in nohiya, baroi chi dar nohiyahoi Kuhistoni Pomir in korho pesh namebarand? e hukumati Markazi fikri moro namekunad, e ba mo akkalan yaroki shikorchi gi dodan bovari nadorad. Leki darkor shavad, mo bo sang ham khonahoi khud va hukumat ro az tolibu , doishu digar, muhofizat mekunem, beshubha. Shikorchieni khub ham dorem dar in daraho.