Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Алмато вакили пешини Қирғизистонро 10 сол зиндонӣ кард


Додгоҳе дар шаҳри Алматои Қазоқистон вакили пешини порлумони Қирғизистон Дамирбек Асилбек уулуро бо айби "ташкил ва роҳбарии гуруҳи фаромиллии муташаккили ҷиноӣ" ва "қочоқи иқтисодӣ" 10 сол зиндонӣ кард.

Айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳ хоста буд, ӯро 13 сол зиндонӣ кунад.

Дамирбек Асилбек уулуи 38-сола аз 15 феврали соли 2018 дар ҳабс аст.

Ду шаҳрванди дигари Қирғизистон - Уланбек Мурадилови 39-сола ва Шингис Абакирови 34-сола дар узвияти гуруҳ айбдор дониста шуданд.

Айбдоршавандаҳои дигар аз 14 то 5-солии ҳабси шартӣ маҳкум шуданд.

Ҳамроҳ бо вакили пешин дар курсии айбдорӣ 11 каси дигар менишаст. Ҳамаи онҳо дар "қочоқи иқтисодӣ" ва "ширкат дар гуруҳи фаромиллии ҷиноӣ" айбдор мешуданд. Ба иттилои тафтишот, ин гуруҳ аз Чин ба Қазоқистону Русия ғайриқонунӣ мол интиқол медод.

Дар бораи боздошти вакили пешини порлумони Қирғизистон Асилбек уулу 16 феврали соли 2018 хабар расид. Мақомоти Қазоқистон дар пайи як рейд аз боздошти 29 гумонбар хабар доданд, ки се тани онҳо шаҳрвандони Қирғизистон буданд. Баъдтар Комисияи марказии интихоботии Қирғизистон мандати вакилии Асилбек уулуро бекор кард.

XS
SM
MD
LG