Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркманистон хатмкунандагони донишгоҳҳои хориҷиро "гуруҳбандӣ" мекунад


Вазорати маорифи Туркманистон номгӯи ихтисосҳои касбкардаи шаҳрвандонро дар хориҷ нашр кард, ки дар дохили Туркманистон эътироф намешаванд.

Дар ҳоли ҳозир дар Туркманистон тартиби нави эътирофи дипломҳои донишгоҳҳои хориҷӣ ҷорӣ мешавад. Номгӯи дипломҳое, ки эътироф мегарданд, ахиран нашр шуд.

Бар асоси ҳуҷҷати нав, Туркманистон аз ин ба баъд дипломҳои 146 ихтисосеро эътироф намекунад, ки аз сӯи донишгоҳҳои хориҷӣ дода шудаанд. Аммо дипломҳои донишгоҳҳое, ки ба рӯйхати "ТОП 1000", яъне 1000 донишгоҳи беҳтарин шомил шудаанд, истисноан эътироф мешаванд.

Дар рӯйхати нав, ки 22 апрел нашр шуд, на номи кишварҳо ва донишгоҳҳо, балки номгӯи ихтисосҳое нашр гардидааст, ки аз ин ба баъд дар Туркманистон эътироф намешаванд.

Миёни ихтисосҳое, ки Туркманистон эътироф намекунад - рӯзноманигорӣ, рӯзноманигории варзишӣ, рӯзноманигории байналхалқӣ, бонкдорӣ, молия, тиҷорат, иқтисоди ҷаҳонӣ, муносибатҳои байналхалқӣ, дипломатия, ҳуқуқ, идора, андоз, ҷомеашиносӣ, сиёсатшиносӣ, забони англисӣ, арабӣ, ҳиндӣ, русӣ, туркӣ, диншиносӣ ва ғайра ҳастанд.

XS
SM
MD
LG