Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сел дар Файзобод боис ба ҳалокати навраси 14-сола шуд


Дар натиҷаи борони сахти рӯзи 24-уми апрел ва омадани сел дар ноҳияи Файзобод як навраси 14-сола ба ҳалокат расидааст.

Умеда Юсуфӣ, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, ба Радиои Озодӣ гуфт, фоҷиа ҳангоми подабонии наврасон рух додааст. "Наҷотбахшон ҷасади кӯдакро пайдо карда, ба наздиконаш супурданд. Мо борҳо аз омадани селу фаромадани тарма ҳушдор додем, аммо зоҳиран мардум сарфи назар мекунанд", - афзуд ӯ.

Корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз фавти ба камияш ду сокини ноҳияи Файзобод хабар додаанд. Сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода гуфт, маъмурони наҷот дар Файзобод ҳастанд ва вазъиятро аз наздик таҳқиқ мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, сокинони деҳаи Саричашмаи ноҳияи Файзобод гуфтанд, сел бист хонаро вайрон кардааст. Нусратулло Раҷабов, сокини Саричашма ба Радиои Озодӣ гуфт, "садди обанбори рӯдхонаи Элок рахна шуд ва хонаҳои атрофи дарёро вайрон кард".

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ҳушдор додааст, ки то охири моҳ хатари боронҳои сел ва тарма зиёд мемонад.

Дар се моҳи охир дар Тоҷикистон 500 фалокати табиӣ мушоҳида шудааст ва аз ин миён 12 селу тарма ба мардум ва иқтисоди кишвар зиён расондаанд.

Охири ҳафтаи гузашта дар натиҷаи омадани сел дар ноҳияи Турсунзода як навраи 16-сола ҷон бохта буд.

XS
SM
MD
LG