Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ӯзбекистон ба $20 миллион барои муҳоҷирон автобус мехарад


Ӯзбекистон тасмим дорад, дар ивази 20 миллион доллар чанд адад автобус харидорӣ кунад.

Яке аз ҳадафҳои хариди автобусҳо "таъмини бехатарии ҳаракати шаҳрвандони Ӯзбекистон ба макони муҳоҷирати муваққатӣ дар хориҷи кишвар, пешгирӣ аз садамаҳои нақлиётӣ дар масири мусофират" унвон шудааст.

Барои харидани автобусҳо Бонки давлатии рушди Чин қарз медиҳад.

Дар ҳоли ҳозир дақиқ нест, ки автобусҳо аз кадом кишвар харида мешаванд, аммо тахмин меравад, Чин ин автобусҳоро ба Ӯзбекистон ворид кунад.

Танҳо дар як соли охир дар кишварҳои ҳамсояи Ӯзбекистон автобусҳои ҳомили муҳоҷирони ӯзбекистонӣ чандин маротиба ба садама дучор шуданд. Хабар дода мешавад, ки бархе аз автобусҳо ғайриқонунӣ ба мусофиркашонӣ машғул буда, одитарин қоидаҳои бехатариро риоя намекарданд.

XS
SM
MD
LG