Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситон барои Истад Қурбонова 3,5 сол ҳабси шартӣ талаб кард


Айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳи Хуҷанд хост, Истад Қурбонова, зане, ки дар боздоштгоҳи пулиси Айнӣ қасди худсӯзӣ карда буд, барои “ғасби замин”, “қасдан нобуд кардани молу мулки ғайр” гунаҳкор дониста шуда, шартан сеюним соли зиндон маҳкум гардад.

Ӯ гуфтааст, додгоҳ ба ин зани 68-сола ва гирифтори бемориҳо ва саробони оилаи бузург шанс бидиҳад, муҳлати ҷазои худро дар озодӣ сипарӣ кунад.

Файзулло Насруллоев, вакили дифои Истад Қурбонова ба навбати худ аз додгоҳ талаб кард, парвандаи шахси зери ҳимояаш бознигарӣ шавад. Ӯ баъди анҷоми мурофиа дар рӯзи 23 апрел гуфт, “Чунки ҳолатҳои замини бегонаро забт кардани ӯ тасдиқи худро наёфт. Ҷониби ҷабрдида ба ҷуз як маълумотнома ягон далелу ҳуҷҷате дар ин бора пешниҳод карда натавонист.”

Додгоҳи Хуҷанд 23 апрел дар сурати радди вакили дифои Қурбонова баёноти чанд шоҳид ва сухани ҷонибҳоро шунида, фардо, 23 апрел сухани ниҳоии тарафҳоро мешунавад ва барои баровардани ҳукм ба хонаи машваратӣ медарояд.

Пайвандони Истад Қурбонова мегӯянд, парвандаи ӯ ҳарчанд дорои сирри “махфӣ” нест, ду рӯз боз дар паси дарҳои бастаи додгоҳи Хуҷанд идома дорад. Ба толор ба ҷуз аз ҷонибҳои айбдоршавандаву ҷабрдида ва шоҳидон дигар касе, аз ҷумла хабарнигорон низ роҳ дода нашуданд. Додгоҳ аз шарҳи сабаби ин иқдоми худ худдорӣ меварзад.

Мақомот Истад Қурбонова, сокини 68-солаи ноҳияи Айнии вилояти Суғдро ба “ғасби замин” ва “қасдан нобуд кардани молу мулки ғайр” муттаҳам мекунанд. Баррасии парвандаи ӯ рӯзи 22-юми апрел дар Додгоҳи шаҳри Хуҷанд оғоз шуд.

XS
SM
MD
LG