Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ФФТ дарвозабони "муштзан"-и "Хатлон" ва сардовари бозиро ҷазо дод


Имрӯз, 23-юми апрел, дар ҷаласаҳои кумитаи доварони Федератсияи футболи Тоҷикистон ва кумитаи назорату интизоми ФФТ сардовари бозии “Хатлон” – “Истаравшан” Гулмуроди Саъдулло ва дарвозабони “муштзан”-и «Хатлон» Шаҳром Исмоилов муҷозот шуданд. Дар ин бора сомонаи расмии ФФТ хабар додааст.

Ба иттилои ин манбаъ, дар ҷаласа аъзои кумитаи доварони ФФТ навори сабти бозии даври сеюми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои «Хатлон» (Бохтар) – «Истаравшан» (Истаравшан)-ро, ки 21-уми апрел дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Бохтар доир гардид ва бо ҳисоби 2:1 ба нафъи мизбонон хотима ёфт, тамошо карданд.

Дар дақиқаи 55-уми бозӣ дарвозабони “Хатлон” Шаҳром Исмоилов дар дохили ҷаримагоҳ ба рӯи легионери «Истаравшан» Ҷамшед Ҳасанов бо мушт задааст. Вале сардовари бозӣ Гулмуроди Саъдулло (аз шаҳри Душанбе) ин лаҳзаро надидааст.

Баъди онки довари эҳтиётӣ сардоварро аз ин ҳодиса хабардор кард, ӯ ба дарвозаи «Хатлон» пеналтӣ ё ҷаримаи 11-метрӣ таъйин намуд. Вале сардовар барои чунин рафтори ношоиста ба дарвозабони «Хатлон» корт нишон надодааст.

Кумитаи доварони ФФТ ин масъаларо баррасӣ намуда, тасмим гирифт, ки барои хатои ҷиддӣ сардовари бозӣ Гулмуроди Саъдуллоро аз ҳаққи ҳакамӣ дар се бозии лигаи олии Тоҷикистон ва ёвари ӯ Ҳасан Каримовро аз шаҳри Норак аз ду бозӣ маҳрум намояд.

Дар қароргоҳи Федератсияи футболи Тоҷикитон имрӯз, инчунин ҷаласаи кумитаи назорату интизоми ФФТ доир гардид. Дарвозабони “Хатлон” Шаҳром Исмоилов барои қасдан задани рақиб аз ҳаққи ширкат дар се бозӣ маҳрум ва ба маблағи 1000 сомонӣ ҷарима карда шуд.

Ҳамчунин менеҷери дастаи «Хатлон» Иброҳим Валиев ва сардори даста Ҳикматулло Шамсиддинов барои таҳқири доварони бозии «Хатлон» – «Истаравшан» ҳар кадом аз се бозӣ маҳрум ва ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима шуданд.

Дастаи «Хатлон» барои таъмин накардани тартиботи ҷамъиятӣ дар варзишгоҳ ҳангоми бозӣ муқобили “Истаравшан” ба маблағи 2000 сомонӣ ҷарима баста шуд.

XS
SM
MD
LG