Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назарбоев номзадии Тоқаевро ба мақоми президентӣ пешниҳод кард


Раҳбари Ҳизби ҳокими "Нур Отан"-и Қазоқистон Нурсултон Назарбоев 23 апрел дар анҷумани ҳизб пешниҳод кард, ки номзадии Қосимҷомарт Тоқаев ба мақоми президентии ин кишвар дар интихоботи пеш аз муҳлати 9 июн пешбарӣ шавад.

Ин нахустин анҷумани ҳизб пас аз ба истеъфо рафтани Назарбоев аз мақоми президентии Қазоқистон аст. Назарбоев пас аз 30 соли раҳбарӣ моҳи марти соли равон эълом кард, ки аз мақомаш истеъфо медиҳад. Вале ӯ раиси ҳизби ҳоким ва Шӯрои амнияти миллӣ боқӣ монд.

"Ба мардум субот ва боварӣ ба фардо лозим аст", - гуфт Назарбоев дар анҷуман. Ӯ ҳамчунин изҳор дошт, ки номзадии Тоқаевро ба мақоми президентӣ дар интихоботи 9 июн пешниҳод мекунад. Иштирокдорони анҷуман низ пешниҳоди Назарбоевро ҷонибдорӣ карданд.

Қосимҷомарт Тоқаев, ки дар гузашта раиси сенати Қазоқистон буд, пас аз истеъфои Назарбоев президенти муваққати ин кишвар таъйин шуд. Ӯ 9 апрел эълом кард, ки интихоботи пеш аз муҳлати президентии Қазоқистон 9 июн баргузор мешавад.

​Духтари калонии Назарбоев -- Дариға Назарбоева ба ҷои Тоқаев раиси сенат - палатаи болоии порлумони Қазоқистон таъйин шудааст. Бар асоси Конститутсияи Қазоқистон, дар сурати истеъфои президент раҳбарии кишварро муваққатан раиси сенат бар зимма хоҳад гирифт.

XS
SM
MD
LG