Назди бинои Додгоҳи олии Қирғизистон дар шаҳри Бишкек ҷонибдорони се сиёсатмадори зиндонӣ - Омурбек Текебоев, Дуйшенқул Чотонов ва Садир Жапаров гирдиҳамоӣ ташкил карданд. Онҳо раҳоии сиёсатмадоронро талаб доранд.
Дар гирдиҳамоӣ аъзои ҳизби "Ато Макон" ва "Мекенчил" ҳам ширкат доранд. Гирдиҳамомадагон боздошти президенти пешин Алмосбек Отамбоев, роҳбари пешни КДАМ Абдил Сегизбоев ва додситони пешин Индира Ҷолдубоеваро низ талаб карданд. Эътирозгарон бовар доранд, ки бо фармоиш ва дастури ин се роҳбари пешин сиёсатмадорон зиндонӣ шудаанд.
Қарор буд, 23 апрел дар додгоҳи олии Қирғизистон дар асоси Кодекси нави ҷиноӣ ва Кодекси мурофиаи ҷиноӣ парвандаи Текебоев, Чотонов ва Жапаров бозбинӣ шавад. Додгоҳ бозбинии парвандаи онҳоро то 30 апрел ба таъхир гузошт.
Роҳбари ҳизби "Ота Макон" Омурбек Текебоев ва сафири пешин Дуйшенқул Чотонов дар соли 2017 дар асоси нишондоди тоҷири рус Леонид Маевский бо моддаи "Фасодкорӣ" айбдор ва 8-солӣ зиндонӣ шуданд.
Роҳбари ҳизби "Мекенчил" Садир Жапаров соли 2018 дар ташкили эътирози соли 2013 дар Қаракӯл ва гаравгон гирифтани роҳбари вақти Қаракӯл Эмилбек Каптагаев айбдор дониста шуд. Додгоҳ ӯро 11 сол зиндонӣ кард.
Сиёсатмадорон айбҳои эълоншударо рад мекунанд.