Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳодур Усмонов ба нимфинали қаҳрамонии бокси Осиё роҳ ёфт


Варзишгари тоҷик Баҳодур Усмонов дар мусобиқоти қаҳрамонии бокси Осиё, ки дар шаҳри Бангкоки Тайланд ҷараён дорад, ба даври ниманиҳоӣ роҳ пайдо кард.

Баҳодур, ки дар вазни зери 64 кило дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар Далсуки Нариматсу аз Ҷопон пирӯз шуд ва ба чорякфинал баромад. Ӯ дар даври чорякниҳоӣ бар Туғрулбег Паззиев аз Туркманистон ғолиб омад. Ҳамакнун Баҳодур дар нимфинал рӯзи 25-уми апрел бо Саматалӣ Толтаев аз Қазоқистон рақобат мекунад.

Дар сабқати занон Миҷгона Самадова, ки дар вазни зери 57 кило дар даври муқаддамотӣ бар Сония Султонқизӣ, варзишгари Қазоқистон, пирӯз шуд, дар чорякфинал аз Ёдгорой Мирзоеваи узбекистонӣ мағлуб гашт.

Ба иттилои Федератсияи бокси Тоҷикистон, ҳафт варзишгари дигари тоҷик – Идимоҳ Холова (64 кг), Нилуфар Бобоёрова (69 кг), Сумайя Қосимова (48 кг), Шоира Зулқайнарова (60 кг) миёни занон, Сомон Ҳабибов (60 кг), Бахтиёри Мирзомуҳаммад (75 кг) ва Шаббос Неъматуллоев (81кг) миёни мардон дар даври муқаддамотӣ аз ҳарифонашон шикаст хӯрданд.

Дар мусобиқоти қаҳрамонии бокси Осиё дар Тайланд, инчунин Тоҷикистонро довари дараҷаи байналмилалӣ Мансур Муҳиддинов ба ҳайси ҳакам намояндагӣ мекунад.

Бар асоси муқаррароти нави Ассотсиатсияи байналмилалии бокси ҳаваскорӣ (AIBA) вазишгарон минбаъд дар мусобиқоти қитъавӣ ба Бозиҳои олимпӣ роҳхат намегиранд. Ба онҳо ҷиҳати дарёфти роҳхат ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2020 дар Токио имтиёзҳои олимпӣ дода мешавад.

Ёдовар мешавем, дар мусобиқаи пешини қаҳрамонии бокси Осиё, ки соли 2017 дар шаҳри Тошканди Узбекистон баргузор шуда буд, аз ҳашт муштзани тоҷик танҳо як нафар – Ҷаҳон Қурбонов – соҳиби медал шуд. Ӯ дар вазни зери 91 кило медали биринҷӣ ба даст овард.

XS
SM
MD
LG