Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари Кореяи Шимолӣ "ба зудӣ" бо Путин мулоқот мекунад


Хабаргузориҳои расмии Кореяи шимолӣ рӯзи душанбеи 22-юми апрел хабар доданд, ки Ким Чен Ун, раҳбари ин кишвар бо Владимир Путин, президенти Русия, мулоқот мекунад.

Хабаргузории марказии Кореяи шимолӣ мегӯяд, сафари Ким Чен Ун ба Русия "ба зудӣ" анҷом хоҳад шуд. Аммо мушаххас нест, ки раҳбари Кореяи шимолӣ чӣ вақт озими Русия хоҳад шуд.

Ин нахустин мулоқоти Ким Чен Ун бо Владимир Путин хоҳад буд. Дар ҳамин замина Дмитрий Песков, сухангӯи раёсати ҷумҳури Русия рӯзи душанбе гуфт, ки мулоқоти Владимир Путин ва Ким Чен Ун то поёни моҳи апрел анҷом хоҳад шуд.

Гуфта мешавад, ки Донишгоҳи федералии Владивосток барои мулоқоти раиси ҷумҳури Русия ва раҳбари Кореяи Шимолӣ омода мешавад.

Ба гузориши хабаргузории "Рейтерз", ба назар мерасад, ки пас аз нокомии нишасти дувуми Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико ва Ким Чен Ун дар Ханой -- пойтахти Виетнам, ҳоло раҳбари Кореяи Шимолӣ дар садади дарёфти пуштибонии Русия ва дигар кишварҳо аз барномаи рушди иқтисодии худ аст.

Хабаргузории Кореяи Ҷанубӣ мегӯяд, ки як мушовири баландпояи раҳбари Кореяи Шимолӣ рӯзи якшанбе дар Владивосток дида шудааст. Ин хабаргузорӣ тахмин мезанад, ки мулоқоти Владимир Путин ва Ким Чен Ун рӯзҳои 24-25 апрел баргузор хоҳад шуд.

Яке аз хабаргузориҳои давлатии Кореяи Шимолӣ низ аксҳое аз сафари ҳайати давлатии ин кишвар ба Владимвостокро нашр кардааст. Ҳамчунин аксҳое аз насби парчамҳои Кореяи Шимолӣ ва Русия дар Донишгоҳи федералии Владивосток мунташир шудааст. Гуфта мешавад, ки Донишгоҳи федералии Владивосток барои мулоқоти раиси ҷумҳури Русия ва раҳбари Кореяи Шимолӣ омода мешавад.

Путин ва раҳбари пешини Кореяи Шимолӣ. Соли 2002.
Путин ва раҳбари пешини Кореяи Шимолӣ. Соли 2002.

Артём Лукин, устоди Донишгоҳи федералии Владивосток дар бораи сафари раҳбари Кореяи Шимолӣ ба Русия гуфт, Ким Чен Ун пас аз нишасти бенатиҷааш бо раиси ҷумҳури Амрико, эҳтимолан дар пайи исботи ин аст, ки ҳанӯз гузинаҳо ва интихобҳои бештаре дорад.

Артём Лукин дар идома гуфт, "Кин Чин Ун намехоҳад ин тасаввур дар бораи ӯ вуҷуд дошта бошад, ки беш аз ҳад вобаста ба Вашингтон, Пекин ва Сеул аст. Дар мавриди Русия, нишасти Владимир Путин ва Ким Чен Ун мавзеи Маскавро ба унвони як бозикуни муҳим дар нимҷазираи Корея таъйид хоҳад кард. Ин нишаст барои эътибори байналмилалии Русия аҳамият дорад".

Музокироти қаблии Ким Чен Ун ва Доналд Трамп дар мавриди халъи силоҳи ҳастаии Кореяи Шимолӣ ба нокомӣ анҷом шуда буд. Маъмурияти Кохи Сафед эҳтимоли мулоқоти савумро матраҳ кард, аммо рӯзи 18-уми апрел Кореяи Шимолӣ талаб кард, ки вазири умури хориҷии Амрико Майк Помпео дар ҳар гуна музокироти оянда иштирок накунад.

Намояндаи вижаи Амрико дар умури Кореяи Шимолӣ ахиран дар Маскав бо мақомоти Русия оид ба халъи силоҳи ҳастаии Пхенян гуфтугӯ кард. Дар моҳи марти соли ҷорӣ Амрико таҳримҳои нав дар нисбати Кореяи Шимолӣ ҷорӣ карда буд.

XS
SM
MD
LG