Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон мегӯяд, ба тасмими ИМА дар манъи содироти нафт посух медиҳад


Теҳрон омодааст, ба тасмими ИМА дар бораи манъи воридоти нафту гази Эрон ба панҷ кишвар - Чин, Ҳиндустон, Ҷопон, Куриёи Ҷанубӣ ва Туркия посух диҳад. Дар ин бора як манбаъ дар Вазорати нафти Эрон ба Reuters хабар додааст.

Панҷ кишвар аз тирамоҳи соли гузашта ба ин сӯ муваққатан иҷозат доштанд, ки аз Эрон нафту газ ворид кунанд.

Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон бори дигар ҳушдор дод, ки Теҳрон омодааст, дар посух ба тасмими ИМА тангнои Ҳурмузро бандад.

Пештар сомонаи Кохи сафед бо нашри як иттилоия хабар дод, ки ИМА аз 1 май иҷозати муваққатии воридоти нафту гази Эронро ба Чин, Ҳиндустон, Ҷопон, Куриёи Ҷанубӣ ва Туркия бекор мекунад.

Ба гуфтаи котиби давлатии ИМА Майк Помпео, ҳадаф ба сифр расондани ҳаҷми содироти нафти Эрон аст. Помпео гуфт, таҳримҳои моҳи ноябри соли гузашта аллакай ба Теҳрон "миллиардҳо доллар" хисорот оварданд.

XS
SM
MD
LG