Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Комроншоҳу Темур - дар финали қаҳрамонии Осиё


Комроншоҳи Устопириён

Комроншоҳи Устопириён ва Темур Раҳимов, паҳлавонони тоҷик, ки ба финали мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба ҷудо дар шаҳри Фуҷайраи Имороти Муттаҳидаи Араб роҳ пайдо карданд, барои медалҳои тилло мубориза мебаранд. Гуштигири дигар тоҷик Шакармамад Мирмамадов барои медали биринҷӣ талош мекунад.

Ба иттилои Федератсиони байналмилалии ҷудо (IJF), дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё 273 варзишгар (174 мард ва 99 зан) аз 40 кишвар ширкат дорад. Варзишгарон аз рӯи 14 дараҷаи вазнҳо – 7 вазн миёни мардон, 7 вазн миёни занон, инчунин қувваозмоии даставии омехта барои дарёфти ҷоизаҳо ва имтиёзҳои олимпӣ талош мекунанд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон ҳафт гуштигир дохил аст: Хайёмиддин Ҷабборов (-66 кг), Сомон Маҳмадбеков (-73 кг), Акмал Муродов (-81 кг), Комроншоҳи Устопириён (-90 кг), Саидҷалол Саидов (-100 кг), Темур Раҳимов (+100 кг) ва Шакармамад Мирмамадов (+100 кг).

Рӯзҳои 20-21-уми апрел қувваозмоиҳои инфиродӣ миёни занон дар вазнҳои 48 кг, -52 кг, -57 кг, -63 кг, -70 кг ва байни мардон дар вазнҳои -60 кг, -66 кг, -73 кг ва -81кг баргузор шуданд.

Хайёмиддин Ҷабборов дар вазни зери 66 кило ҷойи панҷумро гирифт. Ӯ дар даври муқаддамотӣ бар Тони Ломо (Ҷазираҳои Соломон), Кензо Тагава (Ҷопон), Баскҳу Йондонперенлей (Муғулистон) ғолиб омада, ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Вале ӯ дар нимфинал аз Ерлан Серикжанови қазоқ, ки ғолиби ин вазн гардид, шикаст хӯрд. Баъдан қувваозмоиро барои ҷойи сеюм ба Артур Те (Қирғизистон) бохт.

Сомон Маҳмадбеков низ дар вазни зери 73 кило ҷои панҷумро азони худ кард. Ӯ дар дар даври аввал бар Рентаро Нагами азҶопон, дар даври дуюм бар Оқилбек Серик аз Қазоқистон дастболо шуд, вале дар чорякфинал аз Муҳаммад Муҳаммадӣ, варзишгари Эрон, шикаст хурд. Сомон дар даври тасаллобахш бар намояндаи Австралия Калвин Кноестер пирӯз шуд, аммо дар рақобат барои ҷойи сеюм аз Ҳикматулло Тураеви узбекистонӣ мағлуб шуд.
Акмал Муродов дар вазни зери 81кило баъд аз пирӯзӣ Ҷобир Алҳазрӣ аз Арабистони Саудӣ, дар даври дуюм аз Ласай Жа аз Чин шикаст хӯрд.

Имрӯз, 22-юми апрел, қувваозмоиҳои инфиродӣ миёни занон дар вазнҳои -78 кг, +78 кг ва байни мардон дар вазнҳои -90 кг, -100 кг ва +100 кг ҷараён доранд.

Комроншоҳи Устопириён, ки дар вазни зери 90 кило рақобатро аз даври дуюм оғоз кард, нахуст Давлат Бобонови узбекистониро шикаст дод. Баъдан бар гуштигири Чин Небилиг Бу ғолиб омада, ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Комроншоҳ дар нимфинал бар Ислом Бозбоеви қазоқ дастболо шуд. Ҳамакнун ӯ барои медали тилло мубориза мебарад. Рақибаш дар финал Косуке Машияма аз Ҷопон мебошад.

Саидҷалол Саидов, ки дар вазни зери 100 кило дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм аз Ҳусайн Шоҳ (Покистон) шикаст хӯрд.

Дар вазни беш аз 100 кило Тоҷикистонро ду нафар намояндагӣ мекунанд. Темур Раҳимов, ки рақобатро аз даври дуюм шуруъ кард, бар Ракан Зайдон (Арабистони Саудӣ) пирӯзӣ ба даст овард. Сипас бар Дууренбаяр Улзиибаяр (Муғулистон) ғолиб омада, ба нимфинал баромад. Темур дар даври ниманиҳоӣ бар Юрий Краковетский аз Қирғизистон ғолиб омада, ба финал баромад. Рақибаш дар қувваозмоии ниҳоӣ Сунгмин Ким (Кореяи Ҷанубӣ) мебошад.

Шакармамад Мирмамадов, ки дар даври аввал бар варзишгари Чин Йонгҷе Йин ғолиб шуд, дар даври дуюм бар Лиам Парк (Австралия) пирӯз гашт. Вале баъдан аз Сунгмин Ким (Кореяи Ҷанубӣ) шикаст хӯрд. Паҳлавони тоҷик муборизаро дар даври тасаллобахш идома дода, Бекболот Токтогоновро аз Қирғизистон мағлуб кард. Мирмамадов барои ҷойи сеюм бо Юрий Краковетский аз Қирғизистон талош мекунад.

Шоми имрӯз, 22-юми апрел, ғолибону ҷоизадорони мусобиқот дар вазнҳои -78 кг, +78 кг миёни занон ва дар вазнҳои -90 кг, -100 кг ва +100 кг байни мардон маълум хоҳанд шуд.

Мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба ҷудо дар шаҳри Фуҷайраи Имороти Муттаҳидаи Араб рӯзи сешанбеи 23-юми апрел бо қувваозмоиҳои даставии омехта ба анҷом мерасад.

Ёдовар мешавем, паҳлавони номдори тоҷик Комроншоҳи Устопириён ду бор дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё - дар Тошканди Узбекистон (соли 2016) ва Ҳонконг (соли 2017) - дар вазни зери 90 кило бо медалҳои тилло сарфароз шудааст. Зимнан, ӯ дар таърихи ҷудои тоҷик нахустин ва ягона варзишгарест, ки ба унвони қаҳрамони Осиё даст ёфтааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG