Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ал-Арабия аз пешгирии ҳамла дар Саудӣ хабар дод


Акс аз бойгонист.
Акс аз бойгонист.

Телевизиони давлатии Арабистони Саудӣ гузориш дод, ки маъмурони амниятӣ аз ҳамлаи мусаллаҳона ба як идораи пулис дар вилояти Риёз пешгирӣ карда ва чаҳор нафар ҳамлагарро куштаанд.

Телевизиони “Ал-Арабия” рӯзи 21-уми апрел гуфт, ҳодиса дар шаҳри Зулфӣ, воқеъ дар шимолуғарби Риёз ба вуқуъ пайвастааст. Ба гуфтаи телевизион, ҳамлаварон дар даст, пулемеёт, бомба ва дигар навъҳои аслиҳа доштаанд.

Баъди шуруи саркӯби аъзои Ал-Қоида дар Арабистони Саудӣ дар даҳ соли пеш, ошӯбгарон ба чандин идораҳои амниятӣ ҳамла карданд. Соли гузашта дар як ҳамла ба посгоҳе дар шаҳри Бурайда чанд маъмури амниятӣ ва як шаҳрванди Бангладеш кушта шуданд. Мақомоти расмии Арабистони Саудӣ ҳодисаро шарҳ надодаанд.

XS
SM
MD
LG