Дар натиҷаи силсилаи бомбгузориҳо дар Шри Ланка камаш 150 нафар кушта шудаанд ва бештар аз 400 тани дигар захм бардоштаанд. Таркишҳо рӯзи 21-уми апрел дар меҳмонсарову калисоҳо дар пойтахти кишвар шаҳри Коломбо рух дод ва дар маҳалли ибодати онҳое, ки Иди Фусҳоро таҷлил мекарданд.
Дар шаҳри Ногомбо дар шимоли пойтахт дар се калисо ва дар шаҳри Баттикалоа дар як калисо таркиш ба амал омадааст. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ акси хуну харобӣ дар яке аз ин калисоҳоро гузоштаанд ва аз мақомот кумак хостаанд. Се таркиши дигар дар ситораҳои панҷситорагӣ ба вуқуъ пайвастаанд.
Мангала Самаравира, вазири молияи Шри Ланка гуфт, зоҳиран ин ҳамлаҳои “ҳамоҳангшударо барои қатлу барангехтани ваҳшату бесарусомонӣ” ба роҳ андохтаанд ва “одамони зиёди бегуноҳро” куштанд. Ҳеҷ касе, ё гуруҳе масъулияти ҳамлаҳоро бар душ нагирифтааст.