Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садамаи автобуси муҳоҷирон дар Ҷамбул. 11 нафар ҷон бохт


Автобуси ҳомили муҳоҷирони тоҷику узбек дар Қазоқистон ба садама дучор шудааст. Мақомоти Қазоқистон гуфтанд, дар ин ҳодиса, ки 20 апрел дар ҳудуди вилояти Ҷамбул рух дод, ба камияш 11 нафар ҷон бохт.

Тақрибан 30 тани дигарро бо захмҳои гуногун ба бемористон бурдаанд. Дар идораи ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Ҷамбул гуфтанд, ки дар миёни осебдидаҳо шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳастанд. Аммо дар бораи шумора ва ҳувияти онҳо чизе гуфта нашудааст.

Қосимҷомарт Тоқаев, президенти муваққатии Қазоқистон, рӯзи шанбе дар Твиттер навишт, 11 нафари фавтида шаҳрвандони Узбекистон буданд. Ва ӯ ба мардум ва раиси ҷумҳури Узбекистон изҳори таслият кардааст.

Бино ба гузоришҳо, як мошини сабукрав ба мусофирбари ҳомили муҳоҷирон бархӯрда, боис ба садама шудааст. Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, дар робита ба ҳодиса парванда боз шуда, таҳқиқ идома дорад.

Ба далели гаронии нархи билети ҳавопаймо бисёре аз муҳоҷирон ба воситаи мусофирбарҳо ба Русия мераванд. Ҳамаи ин мусофирбарҳо аз ҳудуди Қазоқистон мегузаранд.

Қаблан муҳоҷирони тоҷик аз он шикоят доштанд, ки баъзе аз автобусҳои Тоҷикистон онҳоро то марзи Қирғизистон ё Қазоқистон бурда, дар роҳ мунтазиру саргардон мекунанд. Баъди боз шудани марзи Тоҷикистону Узбекистон дар як соли пеш баъзеи онҳо аввал ба Тошканд ва сипас тавассути автобусҳо ба Русия мераванд.

Аввали соли гузашта ба асари сӯхтори автобус дар роҳи Чимкент-Самара беш аз панҷоҳ шаҳрванди Узбекистон ҷон бохта буданд. Дар ин ҳодиса се ронандаи автобус ҷон ба саломат бурданд ва додгоҳ моҳи ноябри соли гузашта онҳоро панҷсолӣ аз озодӣ маҳрум кард.

XS
SM
MD
LG