Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порошенко аз мардум хост, ӯро бубахшанд


Ду номзад ба мақоми раиси ҷумҳури Украина имрӯз ба мубоҳисаи муҳиме омода мешаванд, ки қарор аст, шоми 19-уми апрел сурат бигирад. Петро Порошенко, раиси ҷумҳури феълӣ ва рақибаш ҳаҷвнигор Владимир Зеленский, дар майдони футболи 70 ҳазор нафарӣ дар Киев мубоҳиса мекунанд.

Дар сиёсати Украина чунин таҷрибае то кунун дида нашудааст. Интихобот рӯзи 21-уми апрел сурат мегирад ва Владимир Зеленский дар даври аввал аз ҳама бештар раъй ба даст овард ва дар интихобот пешсаф аст.

Баъди ишғоли нимҷазираи Қрим аз тарафи Русия ва барангехтани ҷанг дар шарқи Украина бори дуввум аст, ки дар ин кишвар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ сурат мегирад. Дар арафаи мубоҳисаи интихоботӣ, Петро Порошенко аз мардум хост, ӯро бубахшанд ва як имкони дигаре ба ӯ бидиҳанд.

Назарсанҷиҳо нишон додаанд, ки 73 дар сади мардум тарафдори Владимир Зеленский ва фақат 27 дар сад тарафдори Порошенко ҳастанд. Ҳаҷвнигори маҳбуб дар Украина бо қадам гузоштан ба сиёсат ҳалқаҳои сиёсӣ дар ин кишварро ҳайратзада кард. Ӯ гуфтааст, ягона касе ҳаст, ки метавонад, ба дахолатҳои Русия ба умури кишвараш хотима гузорад.

XS
SM
MD
LG