Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳқиқоти Мюллер мумкин аст, барои Трамп мушкил эҷод кунад


Роберт Мюллер, муфатиши вижаи Амрико дар таҳқиқаш дар бораи дахолати эҳтимолии Русия ба интихоботи соли 2016 хулосаи хадамоти истихборотии кишвараш дар ин бораро таъйид кардааст.

Айни замон ӯ санадҳоеро ҷамъ овардааст, ки нишон медиҳанд, раиси ҷумҳур Доналд Трамп талош кардааст, ба таҳқиқот халал расонад. Аммо хулосаи ниҳоиаш ин аст, ки Доналд Трамп ҳеҷ ҳамдастие бо Русия надоштааст.

Гузориши 448 саҳифаӣ ва қисман ихтисоршудаи Роберт Мюллер рӯзми 18-уми апрел нашр шуд ва нишон медиҳад, ки ӯ ва шариконаш мумкин аст, ба мушкилоти ҳуқуқӣ рӯ бар рӯ шаванд ва ба худи ӯ ҳам раъйи адами эътибор бидиҳанд.

Дар маҷмуъ раиси ҷумҳури Амрико аз ин гузориш изҳори қаноатмандӣ кард. Ӯ дар як баёния гуфт, таҳқиқот дурустии баёнияҳои ӯро собит кард, ки гуфтааст, ӯ ва ё шариконаш қабл аз интихобот бо мақомоти Русия ҳамдастӣ накардаанд ва садди роҳи таҳқиқи Мюллер ҳам нашудаанд. “Дар он омадааст, ки ҳеҷ гуна ҳамдастӣ набуд. Ҳеҷ саддгузорӣ набуд”. Ӯ гуфт, бояд иҷоза надод, ки чунин чизе бо дигар раисони ҷумҳурӣ дар Амрико иттифоқ афтад.

Нашри гузориш ба таҳқиқе хотима гузошт, ки қабл аз расидани Доналд Трамп ба қудрат, ба раёсати ҷумҳурии ӯ соя афканда буд. Бо вуҷуди онки таҳқиқот ҳеҷ шаҳодате дар бораи амалкардҳои ҷиноӣ аз тарафи Трамп пайдо накардаст, вале зоҳиран даъватҳо барои эълони раъйи адами эътибор дар Конгрессро зиёд мекунад.

Раҳбарони шаш кумитаи сенат аз Ҳизби демократи Амрико гуфтаанд, “Конгресс бояд рафтори номуносиб, фосид ва ғайриахлоқии раиси ҷумҳур барои монеа гузоштан ба таҳқиқотро арзёбӣ кунад.”

XS
SM
MD
LG