20-уми апрел дар шаҳри Душанбе барои бори даҳум ниммарафони байналмилалӣ доир мегардад, ки дар он дар баробари варзишгарони тоҷик давандаҳои ҳирфаӣ аз 14 кишвар – Австралия, Австрия, Афғонистон, Британияи Кабир, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Кения, Қазоқистон, Қирғизистон, Нидерланд, Русия, Узбекистон, Украина, Чин ва Эфиопия – ширкат хоҳанд кард.
Ниммарафони байналмилалӣ, ки бо тасмими раиси шаҳри Душанбе сар аз соли 2010 барпо мегардад, баҳри сазовор таҷлил намудани Рӯзи пойтахт, таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, тарзи ҳаёти солим ва устувор намудани робитаҳои ҳамкорӣ бо бародаршаҳрҳо ва шаҳрҳои бо Душанбе ҳамкории судманди иқтисодиву иҷтимоӣ дошта доир мешавад.
Бояд тазаккур дод ниммарафони байналмилалии Душанбе, ки масофаи 21 километру 97 метрро дарбар мегирад, аз соли 2014-ум ба тақвими мусобиқоти байналмилалии дави ҷаҳонӣ шомил шудааст.
Шаҳрдорӣ барои баргузории ниммарафони X байналмилалӣ 387 803 сомонӣ (беш аз 40 ҳазор доллари ИМА) ихтисос додааст. Варзишгароне, ки дар ин ниммарафон миёни мардон ва занон ҷойҳои аз 1-ум то 6-умро мегиранд, бо ҷоизаҳои молӣ ба маблағи аз 13 ҳазору 350 сомонӣ то 31 ҳазору 150 сомонӣ сарфароз мешаванд.
Ғайрат Неъматов, сармураббии дастаи мунтахаби варзиши сабуки Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки соли гузашта дар ниммарафони IX байналмилалӣ ҳудуди 50 варзишгар аз 18 кишвар ширкат дошт. Дар байни мардон Тефера Гоза аз Эфиопия ва дар миёни занон Даря Маслова аз Қирғизистон ғолиб шуданд.
“Натиҷаи беҳтарини варзишгарони тоҷик дар нӯҳ даври ниммарафони байналмилалӣ танҳо ҷойи чорум мебошад Ҳасан Ғаффоров ду бор (солҳои 2013 ва 2016) байни мардон ва Надима Мирзоева як маротиба (соли 2010 ) миёни занон ҷойи чорумро соҳиб шуда буданд. Умедворем, ки дар пойгаи имсола давандаҳои мо Меҳрубон Шамсиддинов, Меҳроб Одинаев ва Меҳрангез Назарова натиҷаҳои баланд ба даст меоранд”, - иброз дошт Ғайрат Неъматов.
Ғолибони ниммарафони байналмилалӣ (2010-2018):
Занон
2010 – Надежда Поволяева (Русия)
2011 – Алёна Самохвалова (Русия)
2012 – Камила Ханипова (Русия)
2013 – Александра Дулиба (Беларус)
2014 – Ситора Ҳамидова (Узбекистон)
2015 – Юлия Чиженко (Русия)
2016 – Даря Маслова (Қирғизистон)
2017 – Виктория Полюдина (Қирғизистон)
2018 – Даря Маслова (Қирғизистон)
Мардон
2010 – Тоҳир Мамашев (Қазоқистон)
2011 – Михаил Биков (Русия)
2012 – Андрей Петров (Узбекистон)
2013 – Андрей Петров (Узбекистон)
2014 – Роман Романенко (Украина)
2015 – Юрий Чечун (Русия)
2016 – Либога Вилсон (Кения)
2017 – Тилаҳун Гирма (Эфиопия)
2018 – Тефера Гоза (Эфиопия)
Хукумат агар дар дасти як кас е як оила бошад кор хамин хел мешавад. Сархадбонро гирифта раиси бадахшон гузоштанд, холо хам дар сархад ноороми хам дар Бадахшон. Анна сиесати кадерии хукумат
Амрико бояд шахсоне, ки озодии матбуотро махдуд мекунанд ва хабарнигоронро хадафи хамла карор медиханд бояд тарним кунад. Тахти тарним бояд президент ва оилааш, тими ятимов ва рахимовро карор гирад. The US government need to take sanctions against those who limits the freedom of independent media a and puts the life of the journalists under threat . The list is including the present Rahmon and his family and also the team of Yatimov and Rahimov
силсилаи ҳаводис дар Бадахшон гувоҳи сатҳи пасти донишу касбияти кадрҳои Ҳукумати маркази мебошад, дигар сабабаш таъмин набудани адолату қонуният ва зиёдаравии сохторҳои қудрастӣ аст.
Дар Точикистон имруз хукумат тахти як хоноводаи бесавод амал карда истодааст. Ин хукумат дурбин нест чун стратегияи хукумрониро умуман намефахмад. Хатто сарфам намеравад ки газаб зарра бо зарра дар калби одамон чамъ шуда рузе меояд ин газаб аз чор тараф баромада чомеъа метаркад хама чизро зери пои худ пора пора мекунад. Окибат ба назар сахт ташвишовар мерасад.
Нав фахмиди, ки авлод бо бизнесхояш аз давлату миллат болотаранд?