Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситон амволи киро мехоҳад: Аз Кабирӣ ё мардум?


Яке аз биноҳои баҳсӣ

Додгоҳи шаҳри Душанбе ба баррасии дубораи баҳс миёни Додситонии кулли Тоҷикистон ва як гуруҳ аз моликони биное оғоз кард, ки аз ҷониби наздикони Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари Ҳизби ҳоло дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ сохта шудааст.

Додситонии кул талаб дорад, ки беш аз 20 хона ва мағоза дар Душанбе дар доираи парвандаи Муҳиддин Кабирӣ ба фоидаи давлат мусодира шаванд. Сокинони хонаҳо мегӯянд, ба ин кор розӣ нестанд, зеро нӯҳ сол аст, дар ин бино зиндагӣ доранд ва маблағашро ҳам ба наздикони Муҳиддин Кабирӣ пардохта буданд.

"Барраи қурбонӣ"?

Баҳси соҳибони беш аз 20 хона ва ду толори савдо дар кӯчаҳои ба номи Айнӣ ва Аҳмади Дониш аз соли гузашта идома дорад. Ин масъала рӯзи 18-уми апрел дар Додгоҳи шаҳри Душанбе баррасӣ шуд.

Бинои Додгоҳи шаҳри Душанбе
Бинои Додгоҳи шаҳри Душанбе

Додгоҳи олии Тоҷикистон Муҳиддин Кабириро соли 2017 бо иттиҳомҳои гуногун, аз ҷумла терроризм, дар ғайбаш ба зиндон маҳкум кард. Мусодираи молу мулки ӯ амри дигари додгоҳ буд. Ҳизби наҳзат ва раҳбаронашро мақомот ба барангехтани, ба гуфтаи онҳо, ошӯби нофарҷоми соли 2015 ба раҳбарии Абдуҳалим Назарзода, муовини вазири дифоъ муттаҳам мекунанд. Муҳиддин Кабирӣ ва аъзои ин ҳизб иттиҳомотро беасос номида гуфтаанд, ки ҳеҷ гуноҳ надоранд ва ҳукумат бо баҳонаи ошӯб, ягона ҳизби мухолифро аз саҳнаи сиёсӣ дур кард.

Баҳси моликият ҳам аз онҷо сар шуд ва Додситонии кул ҳоло мехоҳад, хонаҳо ва толори савдои марбут ба Муҳиддин Кабирӣ ва фарзандони ӯ ба фоидаи давлат мусодира шаванд.

Ба бовари масъулони Додситонии кул, Муҳиддин Кабирӣ ва наздикони ӯ ин амволро ба номи дигарон сабт кардаанд. Моҳи ноябри соли гузашта Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт талаби додситониро қисман қонеъ ва як қисми ин манзилҳоро давлатӣ эълон кард.

Аз ҷумла, беш аз 20 хонаву чанд мағоза дар пойтахт ба фоидаи давлат мусодира шуд. Аммо соҳибони ин манзил ва мағозаҳо ба қарори додгоҳ розӣ нестанд ва аз он ба Додгоҳи шаҳри Душанбе шикоят бурдаанд.

Яке аз хонаҳое, ки додситонӣ мегӯяд, бояд ба нафъи давлат мусодира шавад
Яке аз хонаҳое, ки додситонӣ мегӯяд, бояд ба нафъи давлат мусодира шавад

Султонхон Ҳасанов, сокини Душанбе, яке аз шикояткунандагон дар додгоҳ гуфт, соли 2010 аз Маҳмадсолеҳ Кабиров, яке аз бародарони Муҳиддин Кабирӣ хона харид ва барои ин ба ӯ 40 ҳазор доллар ҳам маблағ дод. Султонхон Ҳасанов гуфт, бо 6 фарзандаш аз он сол то имрӯз дар ин бино зиндагӣ доранд ва агар хонаашон давлатӣ шавад, бе ҷойи зист мемонанд.

Ӯ афзуд: “Ман дар муҳоҷират будам ва соли 2013 чун ба ватан баргаштам, Маҳмадсолеҳ Кабиров дигар дар Тоҷикистон набуд. Баъди баргаштан бо Муҳаммад гуфтанӣ одам маслиҳат мекардем. Байни мо шартномаи хаттӣ вуҷуд дорад.”

Бар асоси қарори додгоҳ, бояд мағозаҳои се сокини дигари Душанбе Низомиддин Насриддинов, Шоҳин Нарзуллоев ва Ҷамшед Нарзуллоев давлатӣ карда шаванд. Ҷамшед Нарзуллоев, ки ба гуфтаи худаш мағозаро соли 2015 харид, дар "нотариус" расман ба қайд гирифта шудааст ва қонунӣ аст.

Соҳибони хонаҳое, ки мумкин аст давлатӣ шаванд, худро “қурбонӣ”-и қазияи Муҳиддин Кабирӣ бо мақомот медонанд. Онҳо мегӯянд, замоне аз наздикони Кабирӣ манзил гирифтанд, ки онҳо дар Тоҷикистон расман кор мекарданд ва набояд барои баҳси роҳбари наҳзат бо мақомот онҳо манзилҳои худро аз даст диҳанд.

Муҳиддин Кабирӣ
Муҳиддин Кабирӣ

​Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизб, 18-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, амволе ки додситонӣ мехоҳад ба нафъи давлат мусодира кунад, ба ӯ ва фарзандаш тааллуқ надорад.

Вай гуфт, "ман ҳар моликияте, ки доштам, дар декларатсияҳо пур карда додаам ва ҳукумат медонад, ки ман чӣ қадар моликият дорам. Ва ҳарчӣ аз моли фарзандонам ҳастанд, дар назди ҳукумат мушаххас ҳастанд ва маълуманд. Дигар ин ки моликияте, ки аз мардум ба ном мусодира мекунад, моликияти шахсии афроди дигар аст, ки баъзеашон метавонанд, хеши мо бошанд ва баъзеашон афроди бегона ҳастанд ва ҳеҷ рабте ба мо надоранд."

Ӯ қарори зинаи поёнии додгоҳро ҷазодиҳии гурӯҳӣ ва ғайриқонунӣ номид ва гуфт: "Агар қарор ин будааст, ки моликияти афроди дигар чӣ аз наздикони мо, чӣ касоне, ки дар натиҷаи муомилаи тиҷоратӣ аз корхонаҳои наздик ба хонаводаи мо, ё корхонаҳои хусусии мо харида бошанд, мусодираи он ғайриқонунӣ аст ва мо онро маҳкум мекунем. Ин маънои онро дорад, ки ҳукумати Тоҷикистон дар кишвар ҷазодиҳии қабилаӣ ва гуруҳиро раҳандозӣ кардааст."

Суоли додрас: Чаро саривақт ҳуҷҷат накардед?

Дар манзилҳои бунёдкардаи наздикони Муҳиддин Кабирӣ, ки асосан дар кӯчаи ба номи Айнӣ оилаҳои зиёд зиндагӣ доранд ва масъулон ҳам мегӯянд, манзили на ҳамаи онҳо мусодира шудааст.

Бештари шикояткунандагон дар додгоҳ онҳое буданд, ки манзилро ба гуфтаи худашон хариданд, аммо саривақт санади расмӣ нагирифтанд. Суоли аслии додраси Додгоҳи Душанбе ҳам аз ин афрод ин буд, ки чаро манзилро саривақт ба номи худ нагузаронданд? Шикояткунандагон дар посух ба суоли додрас далелҳои гуногунро пеш оварданд. Яке аз онҳо гуфт, барои ин маблағ наёфт ва дигаре далел пеш овард, ки бо айби масъулони "нотариус" манзили ӯ саривақт ҳуҷҷатгузорӣ нашуд.

Қарор аст, ҳафтаи оянда Додгоҳи шаҳри Душанбе хулосаи ниҳоии худро дар мавриди ин баҳс мушаххас кунад. Додситонии кулли Тоҷикистон ба додгоҳ гуфтааст, манзилҳои баҳсӣ дар доираи парвандаи Муҳиддин Кабирӣ бояд мусодира ва давлатӣ шаванд. Дар ин парванда ба ҷуз Муҳиддин Кабирӣ ду писараш Рӯҳулло ва Муҳаммад, бародараш Маҳмадсолеҳ ва дигар наздиконаш зикр шудааст.

Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ва раиси Паймони миллии Тоҷикистон, эътилофи мухолифини тоҷик дар хориҷа борҳо тасдиқ кардааст, ки ба тиҷорат машғул буд. Аммо ин манзилу мағозаҳо нахустин моликияти ӯ ва наздиконаш нестанд, ки мусодира мешаванд. Рӯҳуллоҳ Тиллозода, писари Муҳиддин Кабирӣ, ки дар хориҷ аз кишвар қарор дорад, рӯзи 13-уми апрел ин амали мақомотро "ғайриқонунӣ" хонд.

Муҳиддин Кабирӣ аз моҳи марти соли 2015 дар хориҷ аз Тоҷикистон қарор дорад. Ҳизби наҳзати исломӣ то соли 2015 дар кишвар фаъолият мекард. Моҳи октбяри соли 2018 Додгоҳи олии Тоҷикистон ӯро дар ғайбаш ба “муддати тӯлонии зиндон бо мусодираи молу амвол” маҳкум кард.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG