Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Толиб"-и амрикоиро як моҳ баъд озод мекунанд


Як шаҳрванди Амрико, ки соли 2002 барои ҷангидан дар сафи Толибон ба 17 соли зиндон маҳкум шуд, моҳи май озод мешавад. Қарор аст, Ҷон Волкер Линди 38-соларо рӯзи 23-уми май аз зиндоне дар иёлати Индиана раҳо кунанд.

Дар санадҳои додгоҳ, ки ҳамин ҳафта нашр карданд, омадааст, Ҷон Линд ризоият додааст, дар се соли аввали озодӣ баъзе аз ҳаракатҳои ӯ зери назорат бошад. Ӯ ҳақ надорад, дар ин се сол видеоҳои дорои муҳтавои ифротгароӣ ва террористӣ дар Интернет тамошо кунад ва ё мақомоти интизомӣ ҳақ доранд, тафтиш кунанд, ки дар Интернет чӣ тамошор мекунад.

Ҷавони амрикоӣ, ки пайрави дини масеҳӣ буд, соли 1998 барои омӯхтани забони арабӣ ба Яман рафта ва се моҳ пеш аз ҳамлаи террористии рӯзи 11-уми сентябри соли 2001 ба Амрико ба Афғонистон рафтааст.

Ӯро ду моҳ баъд аз оғози амалиёт ба раҳбарии Амрико ба зидди Толибон дар Афғонистон нерӯҳои Ҷабҳаи Шимол дар моҳи декабри соли 2001 дастгир карда ва ба сарбозони амрикоӣ супурданд. Ӯро соли 2002 эътироф кард, ки дар ҷанг ба Толибон кӯмак кардааст ва барои ин кор ба 20 соли зиндон маҳкум шуд. Ҳукми зиндони ӯро барои рафтори хуб дар зиндон кутоҳ карданд.

Гузоришҳои видеоӣ

Маросими видоъ бо Махсуми Абдусаттор баъди кушта шудан дар маҳбас
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:39 0:00
XS
SM
MD
LG