Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куриёи Шимолӣ аз озмоиши силоҳи нав хабар дод


Расонаҳои Куриёи Шимолӣ хабар доданд, ки артиши он кишвар "силоҳи идорашавандаи тактикӣ"-ро бо "кӯлоҳакҳои пуриқтидор" озмоиш кардааст. Ба навиштаи расонаҳо, озмоиш зери назорати роҳбари Куриёи Шимолӣ Ким Чен Ин сурат гирифт.

Дар хабарҳои матбуоти он кишвар тақрибан ҷузъиёте аз ҷараёни озмоиш нашр нашудааст, аммо таҳлилгарон тахмин мезананд, ки гап дар бораи силоҳи тактикии баҳрӣ, ҳавоӣ ва заминӣ меравад.

Ба иттилои Вазорати дифои Амрико, дастгоҳҳои иктишофӣ партоби мушакро дар Куриёи Шимолӣ мушоҳида накардаанд.

Расонаҳои амрикоӣ аз қавли коршиносон навиштанд, ки хабари озмоиши силоҳи нав мумкин аст, паёме ба Вашингтон барои нармтар кардани мавқеъгириҳояш дар баробари Пхенян бошад.

Ҳангоми мулоқоти дувум бо Ким Чен Ин дар шаҳри Ханойи Ветнам, президенти Амрико Доналд Трамп якбора ҷаласаро қатъ ва аз имзои изҳороти муштарак худдорӣ кард. Дар он ҷаласа Пхенян гуфт, тасмим надорад, халъи силоҳи ҳастаиро оғоз кунад.

Озмоиши нави силоҳ дар ҳоле сурат мегирад, ки Вашингтон талош дорад, гуфтугӯҳоро бо Куриёи Шимолӣ аз сар гирад.

Гузоришҳои видеоӣ

Баҳси экологӣ бо як ширкати чинӣ дар Қирғизистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:50 0:00
XS
SM
MD
LG