Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯчаҳои пойтахти Туркманистон бе мошин монд. Чаро?


Равуо дар пойтахти Туркманистон мушкил шуд. Нақлиёти ҷамъиятӣ лабрези мусофир аст, таксиҳои расмӣ ба ҳама намерасанд ва таксиҳои шахсӣ, ки барои мардум дастрастар буданд, ҳамакнун нопадид шуданд.

Давоми ду ҳафтаи охир дар шаҳр якбора шумори нақлиёти ҷамъиятӣ кам ва арзиши кирокашӣ боло рафт. Ин ҳолат ба рейди Бозрасии давлатии автомобилӣ (БДА)-и Ишқобод рабт дорад, ки даст ба кор шуд ва кирокашҳои хусусиро аз бозори нақлиёт берун кард.

Дар ҳоли ҳозир автобусҳои ҷамъиятӣ ягона нақлиёте ҳастанд, ки ба ҳамлу нақли сокинони Ишқобод машғуланд. Дар як ҷаласаи ҳукуматӣ дар ибтидои моҳи апрел вазири корҳои дохилии Туркманистон аз президент танбеҳ гирифт. Баъди он дар роҳҳои Туркманистон рейд шуруъ шуд.

XS
SM
MD
LG