Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъди даҳ сол. Сафари раҳбари СБП ба Узбекистон


Интизор меравад, роҳбари Сандуқи байналмилалии пул (СБП) Кристин Лагард миёнаҳои моҳи майи имсол аз Узбекистон боздид кунад. Дар ин бора РИА Новости бо истинод ба Бонки марказии Узбекистон хабар дод.

Ба гуфтаи сухангӯи Бонки Марказии Узбекистон, Лагард бо президент Шавкат Мирзиёев масоили марбут ба ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ хоҳад кард.

Ин нахустин сафари роҳбари Сандуқи байналмилалии пул ба Узбекистон дар даҳ соли охир хоҳад буд. Бори охир раҳбари вақти СБП Доминик Стросс-Кан соли 2009 аз Узбекистон боздид карда буд.

Ёдрас мешавем, Мирзиёев моҳи сентябри соли 2017 бо Лагард дар шаҳри Ню-Йорк мулоқот кард ва раҳбарияти СБП он замон аз ислоҳоти мақомоти Узбекистон дар бахши асъор ситоиш карда буд.

Ахиран хабар дода шуд, ки дар Кумитаи андози Узбекистон аз ин ба баъд мушовири доимии СБП амал хоҳад кард. Мушовири таъйиншуда ба Кумитаи андоз ва Вазорати молияи Узбекистон дар таҳия ва роҳандозии стратегияи ислоҳоти соҳаи андоз барои солҳои 2019-2023 кумак хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG