Пайвандҳои дастрасӣ

Фирор аз артиш "роҳ ба дӯзах аст"? Назари рӯҳониён ва сокинон. ВИДЕО


Шӯрои уламои Маркази исломӣ, ягона ниҳоди содиркунандаи фатво дар Тоҷикистон, гуфт, хидмат дар артиш барои ҳар мусалмони солим, новобаста ба вазъи иҷтимоӣ, фарз аст.

Ба таъкиди рӯҳониён “дӯст доштани Ватан, содиқ будан ба миллат ва фарҳанги худ, ҳифзи тамомияти арзии ҷумҳурӣ аз нишонаҳои имони комил мебошад” ва “саркашӣ аз артиш барои як мусалмони комил ҷоиз нест”. Муроҷиати рӯҳониён дар замоне садо дод, ки аввали моҳи апрел дар Тоҷикистон маъракаи даъват ба артиш оғоз шуд ва то охири моҳи май идома мекунад.

Хидмат дар артиш яке аз масъалаҳои доғи ҷомеаи Тоҷикистон аст. Фаъолони ҳуқуқ мегӯянд, мушкилоте ба мисли зӯргӯӣ ва камбуди ғизо бисёре аз ҷавононро аз хидмат дилсард мекунад.

Ҷамолиддин Хомӯшӣ, сардори раёсати фатвои Шӯрои уламои Тоҷикистон
Ҷамолиддин Хомӯшӣ, сардори раёсати фатвои Шӯрои уламои Тоҷикистон

Барои баъзе таҳсил дар донишгоҳ ва ё муҳоҷирати корӣ роҳи раҳоӣ аз хидмат дар артиш шудааст. Дар чунин шароит, нақшаи даъват ба артиш на ҳамеша сари вақт иҷро мешавад ва ба қавли ҳомиёни ҳуқуқ, мақомот аз ҷалби маҷбурӣ ё "облава" кор мегиранд.

Ҳуқуқдонҳо мегӯянд, баъди зиёд расонаӣ шудани мушкили "облава" дар чанд соли охир, мақомот назорат аз риояи ҳуқуқи ҷавононро сахттар кардаанд, вале боз ҳам дар ҳар мавсим матбуот дар бораи ду ё се шикояти волидон хабар медиҳад.

Гузориш аз телевизиони "Настоящее Время":

Рӯҳониёни тоҷик фирор аз артишро ба "хиёнат" баробар донистанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:33 0:00

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG