Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина мегӯяд, 7 гумоштаи Русияро дастгир кард


Васил Ҳристак
Васил Ҳристак

Мақомоти Украина мегӯянд, 7 нафареро дастгир кардаанд, ки ба гуфтаи онҳо, хадамоти амниятии Русия фиристодаанд, то қатлҳои сиёсӣ ва амалҳои “террористӣ” анҷом диҳанд.

Васил Ҳристак, мудири Хадамоти Амнияти Украина дар ин бора рӯзи 17-уми апрел суҳбат карда ва гуфт, ин афрод ҳадаф доштаанд, маъмурони амниятии кишварашро бикушанд.

Ӯ дар як нишасти хабарӣ, ки чаҳор рӯз пеш аз даври дуввуми интихоботи раёсати ҷумҳурӣ баргузор шуд, гуфт, ки онҳо бо дастгир кардани ҳафт нафар пеши роҳи “харобкорӣ ва гуруҳи террористии истихборотии хадамоти махсуси Русияро” гирифтаанд.

Ӯ афзуд, як нафари дигар, ки ба гуруҳи боздоштшуда кумак мекард, рӯзи 17-уми апрел дастгир шуд. Русия соли 2014 нимҷазираи Қрими Украинаро ишғол кард ва ба ҷудоиталабон дар вилоятҳои Донетск ва Луҳанск кумак мекунад.

Дар ҷанг дар ин ду вилоят, ки аз соли 2014 идома дорад, то кунун 13 ҳазор нафар кушта шудаанд. Васил Ҳристак иддао кард, ки Русия аз ин пеш ҳам бо ҳадафи харобкорӣ чанд гуруҳро ба кишвараш фиристодааст.

XS
SM
MD
LG