Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасдиқи феҳрасти ҳайате, ки бо Толибон гуфтугӯ мекунанд


Гуфтугӯҳо бо Толибон дар Қатар дар рӯзи 10-уми март.
Гуфтугӯҳо бо Толибон дар Қатар дар рӯзи 10-уми март.

Ҳукумати Афғонистон гуфт, ки барои гуфтугӯ бо Толибон дар Қатар ҳайати 250-нафариро мефиристад. Қарор аст, гуфтугӯҳои дурӯза рӯзи 19-уми апрел дар Доҳа оғоз ёбад ва онро имконияте барои хотима додан ба ҷанги 18-сола дар Афғонистон медонанд.

Ҳорун Чахонсурӣ, сухангӯи раиси ҷумҳури Афғонистон, рӯзи 16-уми апрел гуфт, феҳрасти ҳайатро рӯзи 17-уми апрел Ашраф Ғанӣ тасдиқ кардааст. Ӯ афзуд: “Ҳукумати Афғонистон феҳрасти ширкаткунандагони конфронси Доҳаро, ки дар он намояндагони қишрҳои гуногун шомил ҳастанд, имрӯз ниҳоӣ кард.”

Айни замон Толибон ба ҳукумати Афғонистон хотирнишон кардаанд, ки баргузоркунандагони конфронс ба онҳо гуфтаанд, ин афрод на ҳамчун намояндагони ҳукумат, балки чун чеҳраҳои мустақил ҳузур хоҳанд дошт. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон рӯзи 17-уми апрел бо нашри як баёнияе гуфт, “ҳар касе дар нишаст ҳузур меёбад, бояд андешаи худашро баён намояд, чун касе иҷоза надорад, ҳукумати Кобулро намояндагӣ кунад."

Забеҳулло Муҷоҳид ҳамчунин гуфтааст, ки мизбони нишаст, ҳеҷ барномаи қабули ин қадар афроди зиёд аз Кобулро надорад. Ба қавли ӯ, “инҷо конфронси аз пеш барномарезишуда аст, на даъват ба арӯсӣ ва ё маҳфили дигаре дар меҳмонсарое дар Кобул.”

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико саъй дорад, то Толибонро ба музокирот бо ҳукумати Афғонистон моил кунад. Толибон ҳукуматро “дастнишонда”-и Ғарб номида ва то кунун аз гуфтугӯи мустақим бо он худдорӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG