Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷадвали мусобиқоти Олимпиада-2020 дар Токио маълум шуд


Кумитаи тадорукоти Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2020 дар Токио ҷадвали комили мусобиқот ва чорабиниҳоро пешкаш намудааст. Дар ин бора сомонаи расмии Кумитаи тадорукоти Бозиҳо хабар додааст.

Барномаи Бозиҳо 33 намуди варзишро дарбар мегирад. Барои аввалин бор бейсбол/софтбол, карате, серфинг, шӯхпаймоӣ ва скейтбординг пешкаш мешаванд.

Маросими ифтитоҳи Бозиҳо 24-уми июл доир мегардад. Ду рӯз пеш аз ин мусобиқот оид ба футболи занона ва софтбол оғоз меёбад.

Аввалин қаҳрамони Олимпиада-2020 рӯзи 25-уми июл дар мусобиқот оид ба тирандозӣ аз туфанги пневматикӣ ба масофаи 10 метр миёни занон маълум хоҳад шуд.

Мусобиқот оид ба шиноварӣ аз 25-уми июл то 2-юми август, теннис - аз 25-уми июл то 2-юми август, гуштӣ - аз 2-юм то 8-уми август, вазнабардорӣ - аз 25-уми июл то 5-уми август, шиноварии синхронӣ - аз 3-юм то 8-уми август, ҷаҳидан ба об - аз 26-уми июл то 8-уми август, шамшербозӣ - аз 25-уми июл то 2-юми август, ҷудо - аз 25-уми июл то 1-уми август, гимнастикаи варзишӣ - аз 25-уми июл то 4-уми август, гимнастикаи бадеӣ - аз 7-ум то 9-уми август, бокс – аз 25-уми июл то 9-уми август баргузор мешаванд.

Мусобиқаҳо оид ба варзиши сабук 31-уми июл дар Варзишгоҳи нави олимпии Токио оғоз меёбанд. Финали мусобиқаи футбол миёни мардон 8-уми август, миёни занон 7-уми август доир мегардад. Финали баскетбол, ҳандбол ва волейбол миёни мардон ва занон 8-ум ва 9-уми август сурат мегирад.

Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Токио аз 24-уми июл то 9-уми августи соли 2020 баргузор мешаванд.

Ёдовар мешавем, дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ, ки соли 2016 дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия баргузор шуд, Тоҷикистонро ҳафт варзишгар – Дилшод Назаров (варзиши сабук, гурзандозӣ), Анвар Юнусов (бокс, вазни то 60 кг), Комроншоҳи Устопириён (ҷудо, вазни то 90 кг), Олим Қурбонов ва Анастасия Тюрина (ҳарду оид ба шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод), Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (ҷудо, вазни беш аз 100 кг) ва Кристина Пронженко (давидан ба масофаи 200 метр) – намояндагӣ карданд.

Аз байни онҳо танҳо Дилшод Назаров медал ба даст овард. Ӯ дар мусобиқоти ниҳоӣ гурзро ба масофаи 78,68 метр ҳаво дод ва ба унвонӣ қаҳрамонӣ даст ёфта, бо медали тилло сарфароз гашт.

Баъди натиҷагирии шонздаҳ рӯзи мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейро дар феҳрасти кишварҳои ҷоизадор мунтахаби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо 121 медал (46 тило, 37 нуқра ва 38 биринҷӣ) мақоми аввалро касб кард.

Британияи Кабир бо 67 медал (27 тило, 23 нуқра ва 17 биринҷӣ) дар ҷойи дувум ва Чин бо 70 медал (26 тило, 18 нуқра ва 26 биринҷӣ) дар ҷойи севум қарор гирифтанд.

Ба даҳгонаи беҳтарин, инчунин Русия (18-18-19), Олмон (17-10-15), Ҷопон (12-8-21), Фаронса (10-18-14), Кореяи Ҷанубӣ (9-3-9), Италия (8-12-8) ва Австралия (8-11-10) дохил шуданд.

Умуман, варзишгарони 87 кишвар медалҳои олимпии Рио-2016-ро ба даст оварданд. Варзишгарони 59 кишвар барандагони медалҳои тиллои Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ шуданд. Мунтахаби Тоҷикистон дар феҳрасти кишварҳои ҷоизадори Олимпиадаи Рио бо як медали тилло дар ҷойи 54-ум қарор гирифт.

XS
SM
MD
LG