Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Фаронса барои бозсозии калисо ҷамъоварии миллии маблағ эълом шуд


Президенти Фаронса Эммануэл Макрон эълом кард, ки барои бозсозии калисои "Нотр Дам"-и Порис ҷамъоварии миллии маблағро оғоз карданд. Миллиардерҳои фаронсавӣ Анрӣ Пино ва Бернар Арно ваъда доданд, ки кумак мекунанд.

Пино, молики бренди Yves Saint-Laurent барои бозсозии калисо 100 миллион евро ваъда дод. Дар ширкати LVMH ба раҳбарии миллиардери Фаронса Арно хабар доданд, ки 200 миллион евро ҷудо кардаанд.

Ҷамъоварии маблағ бо даъвати ҳизбҳои сиёсии Фаронса, аз ҷумла "Ҷумҳурихоҳон" ва "Иттиҳоди демократҳову мустақилон" оғоз шуд. Намояндагони аҳзоб исрор доранд, ки сӯхтор дар калисо бояд фаронсавиҳоро муттаҳид созад. Ҷамъоварии миллии маблағ дар ҳолатҳои изтирории Фаронса, аз ҷумла дар Ҷанги ҷаҳонии якум эълом шуда буд.

Дар калисои "Нотр Дам"-и Порис 16 апрел сӯхтор ба амал омад. Оташнишонҳо тавонистанд, онро танҳо баъди 9 соат хомӯш созанд. Дар натиҷаи оташсӯзӣ манора ва қисме аз сақфи калисо фурӯ рехт. Манораи фурӯрехта соли 1786 сохта ва 96 метр баландӣ дошт. Сақфи калисо аз хишт буд, ки 210 тонна вазн дошт. Ду манора ва чорчӯби сохтмони калисо эмин монд.

Сабабҳои сухтор ҳоло дақиқ нест. Ба иттилои пешакӣ, сухтор дар натиҷаи корҳои бозсозии бинои асосӣ сар задааст. Додситонии Порис тафтишро шуруъ кард.

XS
SM
MD
LG