Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳашт дӯстдори гули лоларо дар Қазоқистон парванда карданд


Пулиси вилояти Туркистони Қазоқистон эълом кард, ки дар доираи маъракаи "пешгирии ҷиноятҳо ва қонуншиканиҳои марбут ба муҳити зист" таъқиби ҷиноиро оғоз кардааст. Чорабиниҳои мақомоти интизомӣ, ба иттилои пулис, тамоми моҳи апрел давом мекунанд.

Идораи пулиси вилояти Туркистон хабар медиҳад, то имрӯз ҳашт далели ҷамъоварии ғайриқонунии гули лолаи Грейг ошкор шудааст. Ин навъи лола шомили Китоби сурх аст. Ба иттилои пулис, ҳашт сокин ба ҷавобгарии ҷиноӣ ҷалб шудаанд.

Ба қарори ҳукумати Қазоқистон аз 31 октябри соли 2006 чандин навъи гули лолае, ки эҳтимоли нобудшавиашон вуҷуд дорад, таҳти нигаҳдории махсус қарор дода шудаанд.

XS
SM
MD
LG