Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон ба Русия


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 16-уми апрел бо сафари расмӣ ба Русия рафт.

Ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар вазирони умури хориҷӣ, рушди иқтисод, молия, кишоварзӣ, маориф ва меҳнату муҳоҷират ҳамроҳӣ мекунанд.

Раиси вилояти Суғд, президенти Академияи илмҳо, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш, ҳамчунин сардорони хадамоти гумрук ва зиддиинҳисорӣ, низ шомили ҳайати ҳамроҳи президент ба Русия мебошанд.

Қарор аст, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмон бо раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин ва дигар мақомоти он кишвар дидору гуфтугӯ намояд. Гуфта мешавад, ки мавзӯи муҳоҷират меҳвари суҳбатҳои раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва ҳайати ҳамроҳи ӯ бо мақомоти Русия хоҳад буд.

Дафтари матбуоти Кремлин мегӯяд, сафари расмии президент Раҳмон ба Маскав бо даъвати Владимир Путин сурат мегирад. Гуфта мешавад, дар поёни ин сафари расмӣ чанд созишнома ба имзо бирасад.

XS
SM
MD
LG